ВИДЕО: Асомиддинзода далели гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои террористиро манфиати молӣ медонад
Тоҷиддин Асомиддинзода, муовини раиси Кумита дини Тоҷикистон яке аз омилҳои гароиши ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳҳои террористиро дур аз тарбияи падару модар мондан ва пайи орзуҳо рафтани онҳо унвон кард.
Асомиддинзода дар нишасти хабарии Кумитаи дин рӯзи 6 январ гуфт, ҳоло таҳти таъсири таблиғоти гуруҳҳои ифротӣ ҷавонони тоҷике қарор мегиранд, ки аз тарбияи волидайн дур монда, маълумоти кофӣ дар бораи дину ойини хеш надоранд. Ӯ мегӯяд, ин қишр ҷавононе мебошанд, ки дар айни ҷушу хурӯши энергияи ҷавонӣ қарор дошта, ба тахлияи энергия ниёз доранд ва дар бораи равандҳои ҷорӣ дар муҳити худ иттилои кофӣ надоранд: “Як хусусияти гароиш ба дин дар ин синну сол дар онҳо ба таври беназм рух медиҳад. Вақте ҷавонон аз тарбияи падару модар ва муҳити тарбиявӣ дур мемонанд бо гирифтани маълумоти ғалат дар бораи дин ва ойин таҳти таъсири таблиғоти гуруҳҳо қарор мегиранд.”
Ба гуфтаи Асомиддинзода, надоштани иттилои кофӣ дар бораи ҷараёну ҳаракатҳои атрофи худ ва орзуҳову манфиати моддӣ низ ҷавонони тоҷикро ба саффи гуруҳҳои тундраву террористӣ мебарад: “Ҷавонон аслан таваҷҷуҳи зиёд ба таъмини моддии ояндаи худ доранд, дар замони шӯравӣ низ интихоби касб дар ин синну сол сурат мегирифт ва онҳо низ дар ин синну сол бисёр нигаронанду орзӯи таъмини иҷтимоию моддии ояндаи худро доранд. Яъне, дар баробари омили эътиқодӣ ба даст овардани манфиат низ яке аз омилҳост.”
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик низ бо тасдиқи ин ки манфиатҳои моддӣ ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷӣ мебарад, дар суҳбат бо “Озодагон” ба омилҳои дигар низ ишора мекунад. Ба назари ин сиёсатшиноси тоҷик, баъзе аз маҳдудиятҳои динӣ низ метавонад, барои пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ замина гузорад: “Яке аз сабабҳои рафтани ҷавонон ба ҷанги Сурия, пеш аз ҳама сабаби молӣ мебошад. Мардуми камбағал онҷо мераванд ва ҳар ҷанговар дар як моҳ пул мегирад. Аз ҷониби дигар, афроде ҳастанд, ки дар зери таъсири идеологияи ифротгароён ба ин ҳаракат шомил мешаванд. Омили дигар маҳдудияти сиёсиву динии шарҳрвандон аст. Онҳо мегӯянд, ки бубинед, дар Тоҷикистон занону кӯдаконро ба масҷид намемонанд, ин маънои онро дорад, ки Исломро дар ин кишвар пахш мекунанд ва яке аз омилҳое мебошад, ки ҷавононро ба ин кишварҳо ҷалб мекунад.”
Баҳси омилҳои пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи ҷангҷӯёни созмонҳои террористӣ дар ҳолест, ки ба иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол танҳо дар Сурия беш аз 30 ҷангии тоҷик фавтидаанд. Теъдоди умумии иштирокдорони ҷангҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон аз 200 то 500 нафар арзёбӣ шуда, миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳаст. Шариф Назаров, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд ахиран эълон дошт, тибқи иттилои онҳо феълан 24 зани тоҷик бо ҳамроҳии шавҳар ва 34 кӯдаки хурдсолашон дар урдугоҳҳои махсуси террористии хориҷи кишвар қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |