ВИДЕО: Пазироӣ ва сабабҳои пешбарии раиси Кумитаи дин ба парлумон

Абдурраҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон пешбарии номзадияшро ба парлумон аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ хуш пазируфтааст.
Холиқзода, ки имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат мекард, изҳор дошт, ки вакили парлумон шудан барояш ифтихор хоҳад буд: “Фикр мекунам, сабаби пешбарии номзадии банда боварии ҳукумат, давлат ва ҷаноби олӣ аст ва парлумон яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ буда, барои ман ифтихор аст, дар парлумон – мақомоти қонунбарор ҷиҳати таҳияи роҳи қонунии давлат ва рушди ҷомеа хидмат кунам ва ҳамчун ҳуқуқшинос инро як қадршиносии фурсат барои худ медонам.”
Абдурраҳим Холиқзода, ки аз соли 2010 ба ин сӯ раҳбарии ниҳоди танзимкунандаи умури дин дар Тоҷикистонро бардӯш дорад, охирҳои моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби ҳизби ҳоким номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳод шуд. Номзадии ӯ дар Анҷумани ҲХДТ, ки таҳти раҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, рӯз, 13-уми декабр пешниҳод шуда, дар руйхати 28 номзади ин ҳизб дар мақоми 10-уми қарор дорад.
Холиқзода дар гузашта ба ҳайси сардори раёсати танзими ҷашну маросим ва инчунин мудири шӯъбаи Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст ва замоне низ мудирии Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии кишварро низ бардӯш доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |