Додситони Суғд дар бораи аъзои "Давлат-ул Ислом" ва дигар ифротиҳо
Шариф Қурбонзода -- додситони вилояти Суғд мегӯяд, давоми соли 2014 дар қаламрави вилоят ҷиноятҳои вазнин афзоиш ёфтааст.
Номбурда баъд аз зуҳри рӯзи 5 январ аснои суханронӣ дар нишасти хабарии додситонӣ гуфт, тайи 12 моҳи ахир 173 ҷинояти хусусияти экстремистию террористидошта ошкор гардидааст: “Дар робита нисбат ба 123 нафар 43 парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст”.
Шариф Қурбонзода афзуд, ин афрод асосан аъзои “Ҷабҳат-ун-нусра”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби Исломии Туркистон”, “Давлат-ул-Ислом” ва “Ансоруллоҳ” мебошанд: “Ҳоло 102 айбдоршаванда бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои вазнин дар кофтукови расмӣ қарор доранд”.
Бино ба гуфтаи ӯ, соли 2014 дар қаламрави вилояти Суғд 981 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд расидааст, ки ин рақам назар ба соли 2013, 16 адад ё 1,6 дарсад зиёд буда, кушодашавии онҳо 85,8 фисадро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |