Фурӯши духтари 26-сола ба ивази 200 доллар дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти чанд нафар бо иттиҳоми даллагӣ хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса сокини 45-солаи шаҳри Душанберо дастгир кардаанд: “А.З. дар ташкил ё нигоҳ доштани фоҳишахона ва даллагӣ гумонбар мешавад. Муайян карда шуд, номбурда, рӯзи 3 январ хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: А.С., сокини шаҳри Душанбе ва Д.Н., сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудашон 1984 барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, ба ивази хизматаш аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи чунин як чорабинии оперативӣ сокини дигари шаҳри Душанбе К.Н., соли таваллудаш 1987 боздошт гардид, ки “дар хонаи истиқоматиаш талабгорони муносибати маҳрамонаро ҷалб сохта, ба ивази хизматаш аз ҳар ҷуфт маблағи 100 сомонӣ мегирифтааст”. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, “кормандони милиса муайян намуданд, ки шаҳрванд А.Ш., соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Ваҳдат дар назди бинои истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе шаҳрванд Ҳ.М., соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шаҳритусро ба фоҳишагӣ ҷалб намуда, ӯро ба маблағи 200 доллар ба сокини ноҳияи Фархор С.Р., соли таваллудаш 1991 фурӯхтааст”.
ВКД мегӯяд, нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |