Чин ба ивази Маркази гармидиҳӣ 2 кони тиллои Айниро гирифтааст
Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба ивази бунёди Маркази гарму барқдиҳии 2-юми Душанбе ширкати «ТВЕА»-и Чин кон талаб кардааст ва ҳукумати Тоҷикистон низ розӣ шудааст.
Ҷумъазода имрӯз, 6-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумати Тоҷикистон натиҷаи хуби кори ширкати ТВЕА-ро дар кишвар ба назар гирифта, конҳои Кумарғи боло ва Дуобаро ба ихтиёри ин ширкати чинӣ гузоштааст. Манбаъ гуфт, ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, захираи тилло доранд. Ба иттилои манбаъ то ҳол ширкати ТВЕА дар қисмати Дуоба захираи 24 тонна тиллоро муайян кардааст ва дар минтақаи Кумарғи боло омӯзишҳо идома доранд: "Ин ширкат то соли 2017 бояд корҳои иктишофӣ-геологиро анҷом диҳад. Ҳоло дар як қисмати “Дуоба” иҷозатномаи истихроҷро гирифтааст ва ӯҳдадор шудааст, ки дар соли ҷорӣ коркардро ба роҳ монад. Корҳо дар минтақаи дигар то соли 2017 идома меёбад ва дар сурати тасдиқ шудани захираҳо, баъдан ҳукумати Тоҷикистон ба хулосае меояд, ки иҷозатнома барои коркард диҳад ё надиҳад. Чун агар захираҳои коркарди саноатӣ набошанд, ҳукумат ҳуқуқ дорад, ки иҷозатнома барои коркарди ин ё он кон надиҳад."
Раиси Саридораи геология илова намуд, ки дар маҷмуъ дар конҳои Тоҷикистон то ҳол ҳудуди 500 тонна захираи тилло муайян карда шудааст. Ба гуфтаи Ҷумъазода тиллое, ки аз ҷониби ширкати чинӣ истихроҷ мешавад, асосан дар дохили Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ карда мешавад.
Ширкати ТВЕА-и Чин, ки дар гузашта буёнди хатти интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол”-ро ба уҳда дошту феълан сохтмони Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанберо идома дода истодааст. Марҳилаи аввали Маркази гарму барқдиҳии дуюми Душанбе, ки арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад, расо як сол пеш, 10-уми январи соли 2014 аз ҷониби ширкати «ТВЕА» ба анҷом расонда шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |