Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи панҷум
Як муҳоҷири тоҷик аз қабати панҷуми бинои нимсохте дар Хабаровски Русия сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, ин ҳодиса дар кӯчаи Кавказ рух додааст. “Тоҷик аз ошёнаи панҷум сарозер шуда, рӯи партовҳои сохтмонӣ афтидааст. Талоши табибон барои аз марг наҷот додани ӯ бенатиҷа будааст”,-навиштааст торнамои khabtime.info.
Сомонаи Губерния аз нақли муҳоҷирони дигар мегӯяд, шахси фавтида ба таъмири дохили утоқҳо машғул буда, либоси махсус ва кулоҳи сохтмонӣ надоштааст. Дар мавриди шахсияти ин муҳоҷири тоҷик маълумоте нест, танҳо гуфтаанд, соли таваллудаш 1995 буд.Акс аз торнамои Губерния онлайн
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |