Бахшҳо
06 янв 2015 10:01Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Саркашӣ аз фармони Президент: Талоши интиқоли 5,5 тонна шираи камол ба Афғонистон (АКС)

Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни як амалиёт аз интиқоли ғайриқонунии беш аз 5,5 тонна шираи камол ба Афғонистон ҷилавгирӣ кардааст.

Тавре аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи “Камаз” дар дидбонгоҳи «Кокул» дар бордонаш 1294 кило тухми гиёҳи «Камол» ва дар 257 адад зарф 5 тоннаю 574,8 кило шираи камол дарёфт шудааст: “Халтаҳои пур аз тухми гиёҳи «Камол» устокорона аз болои шираи Камол пушонида шуда, қоҷоқгарон мехостанд маводи мазкурро ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол бидиҳанд.”

Манбаъ гуфт, зимни амалиёт маълум шуд, ки маводи боздошгардида ба сокини шаҳри Душанбе, Рустам Содиқов тааллуқ доранд, дар кӯҳу саҳро ва теппаҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудаанд. Хадамоти гумрук мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, бо додситонии ноҳияи Фархор ирсол шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз соли 2008 инҷониб бо фармони раисиҷумҳур ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол, ки дар тиб васеъ истифода мешавад, ба хориҷи кишвар маҳдуд шудааст. Пас аз ин фармон "Фароз" ягона ширкате буд, ки дар Тоҷикистон ба коркард ва фурӯши ин гиёҳ машғул буд, аммо дар соли 2013 барои ин ширкат низ дар ҷамъоварӣ ва содироти шираи камол маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буданд.


Саркашӣ аз фармони Президент: Талоши интиқоли 5,5 тонна шираи камол ба Афғонистон (АКС)

Саркашӣ аз фармони Президент: Талоши интиқоли 5,5 тонна шираи камол ба Афғонистон (АКС)
Мӯҳр
Знахер
Ин шираи камол дар даврони пеш ба касе лозим набуд, ё мардум ба ин шира ниёз надошт. Имрузхо бошад ин кадар ширааш ширин шудаги.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)