ҲНИТ сухангӯяшро дар парлумон дидан мехоҳад
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби ин ҳизб дар ҳавзаи интихоботии рақами 31, ноҳияи Қумсангир номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони кишвар пешбарӣ шудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, номзадии Файзраҳмонов дар конфронси интихоботии ин ҳизб рӯзи 5 январ дар ноҳияи Қумсангир пешбарӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин конфронс аз 53 вакили бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул, Ҷалоиддини Румӣ, Қумсангир ва Панҷ 50 нафар иштирок дошта, бо як овоз аз пешбарии оқои Файзраҳмонов ҳамчун номзад ба вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳимоят кардаанд.
Файзраҳмонов, ки ҳоло ҳамчун сухангӯи раиси ҲНИТ кор мекунад, 5 майи соли 1976 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада, фориғуттаҳсили Донишгоҳи байналмилалии исломии шаҳри Исломободи Покистон мебошад, ки бо номи "Файсал" машҳур аст. Номзади илм дар риштаи динҳои ҷаҳон буда, бо забонҳои арабию англисӣ ва урду озод ҳарф мезанад.
Ӯ дар гузашта дар мақомҳои гуногун дар ҲНИТ, аз ҷумла ба ҳайси сардабири торнамои расмии ин ҳизб аз соли 2011 то декабри соли 2013 фаъолият кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |