Дар Тоҷикистон анонимайзерҳо ҳам дастнорас шудаанд
Корбарони интернет дар Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи масдуд шудани шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва саҳифаи Ютуб дастрасӣ ба як қатор филтршикан (анонимайзер)-ҳо низ маҳдуд шудааст.
Чанд корбари фаъоли интернет ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба филтршиканҳои Hideme.ru, Cameleo.Ru, 2ip.ru/anonim ва xnet.club” номумкин аст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, дар гузашта ворид шудан тавассути ин филтршиканҳо ба шабакаҳои интернетии масдуд дар қаламрави Тоҷикистон имкон дошт.
Шабакаҳои “YouTube” ва “Одноклассники” аз 30 декабри соли гузашта ба ин сӯ дар Тоҷикистон маҳдуд гардиданд. Ин бори аввал нест, ки ин ду шабака дар кишвар дастнорас мегардад. Охирин бор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Facebook”, "ВКонтакте" ва "Одноклассники" рӯзи 4 октябри соли гузашта дар пайи сарусадо дар мавриди митинги “10 октябр” баста ва 13 октябр дубора дастрас гардиданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |