Кумитаи амният тирпаронии кормандашро дар Хоруғ рад кард
Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Бадахшон даст задани кормандонашро ба тирпаронӣ дар шаби якуми Соли нав дар шаҳри Хоруғ рад намуд.
Масъулини амният дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ изҳор доштаанд, ки ҳеч кормандашон дар шаби Соли нав ба тирпаронӣ даст назадааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои сокинони Хоруғ тақрибан соатҳои 23:30 дақиқаи шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ шахси номаълум бо истифодаи алфози қабеҳ дар ҳаққи “гансҳо” ба ҳаво чанд тир холӣ кардааст. Ба иттилои манобеъ қазия дар наздикиҳои бинои Раёсати Кумитаи амният дар Хоруғ сар задааст ва афроде, ки баъдан ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд, гилзаҳои тири автомати Калашниковро ҷамъ овардаанд. Дар пайи ин қазия нафаре ҷароҳат набардоштааст, чун роҳи марказӣ холӣ будааст.
Ба иттилои фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Хоруғ даст доштани кормандонашонро дар қазия рад намудаанд, аммо аз ироаи сабтҳои дастгоҳҳои назоратӣ худдорӣ кардаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз анҷоми рейди махсус дар Бадахшон хабар дод, ки зимни он аз 3-юм то 31-уми декабри соли гузашта 821 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст: “Аз ҷумла, идора намудани воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳкардашуда - 67 далел, бе шаҳодатномаи ронандагӣ -132, дар ҳолати мастӣ -6, бе рақами қайди давлатӣ -16, бо рақами бегона - 4, итоат накардан ба талаботи корманди милитсия -15, вайрон намудани қоидаҳои мусофиркашонӣ - 59, носозии техникӣ -19, баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ - 13, муоинаи техникӣ ва суғуртаи давлатӣ надоштан - 170 далел, қоидавайронкуниҳо аз ҷониби пиёдагардон - 150 далел ва дигар намуди қоидавайронкуниҳо ба қайд гирифта шуданд.”
Манбаъ мегӯяд, тайи рейд инчунин се адад силоҳи тамғаи «ПМ» дарёфт ва мусодира гардид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки феълан чорабиниҳои мақсаднок дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ идома дошта, таҳти назорати доимии вазир қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |