Бахшҳо

Вазири маориф: Ҷонибдори табдили литсейҳои туркӣ ба тоҷикиям

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 5 январ зимни нишасти хабарии ниҳодаш дар Душанбе мушкили тамдид нашудани иҷозатномаи фаъолияти литсейҳои туркиро дар кишвар таъйид карда афзуд, ҳалли он дар салоҳияти ҳукумат аст.

Иҷозатномаи ширкати “Шалола”, ки сарпарастии тамоми литсейҳои туркиро дар кишвар ба уҳда дорад, соли 2013 ба охир расидааст ва ҳукумат онро то ҳол тамдид накардааст.

Вазири маориф ба суоли "Озодагон" дар ин робита изҳор дошт, тамдиди созишнома бо “Шалола”, сарпарасти литсейҳои туркӣ дар салоҳияти ҳукумат аст. Ӯ афзуд, ки ҷонибдори бастани қарордоди хайриявӣ бо ин литсейҳо мебошад ва таъкид намуд, ки шахсан тарафдори он аст, ки литсейҳои туркӣ ба литсейҳои муҳассилини лаёқатманди тоҷикӣ табдил дода шаванд.

Ба гуфтаи Саидов литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аз соли 1994 бо қарори Шӯрои вазирон фаъолият доранд ва солҳои 2000-ум иҷозатномаи фаъолияташон барои 10 соли дигар тамдид шуд. Аммо феълан муҳлати иҷозатномаашон ба охир расидааст ва то ҳол ҳукумат онро тамдид накардааст.

Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Хуҷанд шаш литсей дошта гуфта мешавад, ки сарпарастии литсейи байналмилалии Душанбе низ ба уҳдаи ин ширкат аст.
Мӯҳр
Шарора
Эътироф бояд кард, ки “Шалола” ба толибилмон дониши хуб медихад.

Fed
Man haminjo ba yak chizro kayd kardaniam hak hama vakt hak ast.
Khohi nakhohi hakro harkas mefahmad yakruz.
Vaziri Muhtaram az hama suxani Behtarinro gufted. In litseyho ba hama chiz mezebad 2yum in ki in litseyho sathi donishi mardumro baland mekunad.
Boyad tamdid karda shavam, man yake az xatmkunandahoi in litse dar onjo xondam 1-2 zaboni ilovagi yane anglisi va turkiro nagz omuxtam va holo dar horij az Vatan tahsil doram.

Бояд Давлат барошон ичозат надихад!
Хамаий Точикхоро ба фарханги турки худашон чазб кардаанд ва забони туркиро талим додаанд!
Вакте ки Иронихо михоханд ки моро бо забони Форсий худамон дарс диханд хама сагой дайду борин хаф хафашон мебарод ки мардума шиа мазхаб мекунанд
дар холате ки ин забони ослии мост Забони Рудаки Фирдавси Саьди Хофиз!

Dustdori Tj
Litseyhoi Tojiki-Turki yagona muassisahoi ta'limiest ki shogirdoni in litsey 75%-i medalhora solonaro ba dast meorand. Dar imtihonhoi Kabuli donishgoh 100% ba savolho javob dodaand. Va dar in muassisaho rishvagiri vujud nadorad.

89
воспитиваем пантуркистов тогда?

Волидайн
литсейхои точики-турки бехтаринхоро тарбия мекунад ва барои Точикистон ахамияти калон дорад. Бояд литсейхо корашонро давом диханд,ин амал ба манфиати Точикистон мебошад.

Ахсан ба ШУМО чаноби Вазир Нуриддин Саид! Худо сафи Шумо барин равшанфикрони точикро зид намояд, то миллати точик барои ду пули пучаки туркхо нашуда, бояд мо решаи пантуркистонро канем. Вазирхои пешинаи маориф фикри миллати точикро накарда, дар никоби пантуркист аз ин Барномахо фоидаи зиёд гирифтанд.

Точикдустдор
Саидов Нуриддин агар ин литсейхоро бандй, номатон дар таърих абадан мемонад. Вач-вачи як-ду пантуркистро гуш накунеду акли худ, акли солимро кор фармоед. Як тур партоед, баъд мебинед, ки кадом рохбарони болой пантуркистанду ба шумо хушомад мезананд. Шуморо аввалан Худо, баъдан Чаноби Олй пуштибонй менамояд. Мо бо шумоем мухтарам вазир.

Ин корро чанд сол пеш мо бояд ташкил мекардем яьне бастани литсейхои туркиро. Самарканду Бухоро дар вакташ аз дасти мансабдороне ки таьлимгирифтаи Туркия буданд ба дасти дигарон рафтанд. Илтимос як рузи дигар хам фаьолият кардан намонед

Мухтарам Вазир!
Хохишмандам ба гирифтани литсензия барои фаъолияти литсейхои турки дар Точикистон мусоиддат намоед. Ин макотиби турки сатхи баланди донишро ба ТОЧИКИСТОНИХО меомузад. Таи 20 соли фаъолияташ ба ягон душворие бо хукумат дучор нагаштааст. Агар хамчун вазири бохирад аз худ ёдовари мондани бошед, дустони моро, туркони омузгорро дастгири кунед. Ба фарзандони мову Шумо ин хизмати басо сазовор мебошад. Ба литсеи точики мубаддал намудан ва ё онро аз чо бе чо кардан деформацияро дар фаъолияту амалиёташ ба бор овардан мумкин аст. Бехтараш баробари он мактабхои миёнаи кишварамонро ба он сатхе барорем, ки бо ин муасисахо ракобат карда тавонад. Ракобат - мухаррики тарракиёт аст!
Ташаккур!

Hairkhoh
Литсейхои туркиро точики бояд кард, то чавонон дар рухияи ватандустиву худогохи тарбия ебанд, ва гар на баста шаванд бояд. Он шахсоне ки тарафдори тамдид кардани мухлати фаьолияти ин литсейхост, дигар фикру андеша дорад!!! Бисере аз хатмкунандагони ин литсейхо берун аз кишвар карору фаьолият дорад, дар холе ки чунин аст, хадаф ва манфиат аз фаьолияти ин литсейхо дар чист!!!

Ман хам яке аз хатмкунандагони мактаби #2 шахри Сарбанд голиби Олимпиадаи Чумхурияви низ дар хорича тахсил мекунам ва аз шунидани ингуна хабархо хушхолам ва дар инчо кайд карданиам ки омухтани забонхои хоричи ба мо имконияти калон медихад дар оянда. Хаммаи мо донишчуёне ки забонхои хоричиро аз бар кардаем ва омухта истодаем медонем ва мефахмем ки донистани дигар забонхо чи кадар зарур аст ва ахамияти калон дорад дар хаёти мо!

Давлату Хукумати Чумхурии Точикистон барои тарбияи насли наврас дар рохи худогохию хештаншиносй, вахдату ватандустй, арч гузоштан ба фарханги худ маблагхои зиёд сарф менамояду як-ду пантуркист дар ганй кардани кисаи худ мебошанд. О мардуми огох, хамон Эрдугон- Президенти Туркия набуд, ки Абуалй ибни Синоро намояндаи миллати турк муаррифй намуд! Хамин факт барои шумо басана нест, ки боз РОХИ САФЕД БА ЛИТСЕЙХОИ ТУРКЙ мегуед. Каме номуси миллй даркор. Патриотизм ва номусро бояд мо аз чунин шахсон ба мили Эмомалй Рахмон ва Нуриддин Саид омухта, ба фарзандонамон талкин намоем. Тавре Тольстой гуфта буд: Патриотизм превыше всего!!!!!!!!!!!!

Мухтарам Вазири маориф ва илм Нуриддин Саидов хазор рахмат ба падаратон ! Шумо дар хакикат точики хакики хастен ва гами миллата мехурен. Ин миллат аз шумо рози мешавад агар Шумо мактабхои туркиро банден. Рухи арвохи Рудаки, Сино, Фирдавси, Лоик ва дегарон ва ин хоки точикон шод мешавад, Точикон аз кадим дорои илму фарханг буданд, ки турко ягон чиз надоштан. Як байти шоири бузур устод Бозор Собир ба едам омад "Душмани дониш гадояш дониши Сино гирифт." ин сухан як гом ба хама халки дуне.ки мо илми бузург дорем ва то хол боки мондааст. Ман фикр мекунам сохаи илм ва маориф нав вазирдор шудааст яъни сохиби аслии худро ефтааст. кош дегар вазоратхоям вазири хакикии худро ебанд. Локен ман шубха дорам ин одам душман дор шуда аз вазифа наравад.

Бехуда Вазорати маорифи ЧТ ба "Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон" номгузорй нашудааст. Маориф ва илм бояд дар дасти чунин одамони баномуси миллат ба монанди Нуриддин Саид бошад. Байраки илми точик дар дасти чунин одамон аз 165 метр хам боло меистад. Флаг шитоки илми миллати точик дар чахон боло буд ва ягон пантуркист онро шикаста наметавонад. Ин флаг-шитокро хитоихо не балки Рудакию Сино, Хофизу Бедил, Бобочон Гафурову Лоик ва амсоли инхо бо хуни чигари миллй боло кардаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)