“Қафқозиҳо моҳирона тоҷиконро ба ҷангҳо ҷалб мекунанд”
Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷӣ ва раиси феълии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон имрӯз, 5-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид намуд, гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротию ҷангҳои бегонаҳо ниёз ба омӯзиш дорад.
Холиқназаров ифротгароии ҷавононро аз масоили мубрами рӯз дар Тоҷикистон хонда, таъкид намуд, тоҷикон ба ҳаракатҳои ифротӣ асосан дар Русия ҷалб мешаванд. Ӯ афзуд, технологияи ҷалби тоҷикон ва дигар миллатҳо ба ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ" дар Русия хеле моҳирона роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ дар раванди ҷалби тоҷикон ба ифротгароӣ дар Русия асосан қафқозиҳо даст доранд. Ӯ илова намуд, бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон таҳияи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон беш аз 500 шаҳрванди кишвари мо дар ҷангҳои бегонаҳо иштирок доранд, ки то ҳол беш аз 50 нафарашон кушта шудааанд. Мақомоти тоҷик махсусан бозгашти ин ҷангҷӯёнро мояи нигаронӣ мехонанд, ки метавонанд дар Тоҷикистон низ нооромӣ ба бор оранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |