Раиси МТС: “Гуруҳи 24” бозичаи дасти абарқудратҳо шудааст
Худойбердӣ Холиқназаров, собиқ вазири умури хориҷӣ ва раиси феълии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмони мамнӯъшудаи “Гуруҳи 24” ба бозичаи дасти абарқудартҳо табдил ёфтааст.
Ӯ дар посух ба суоли “Озодагон” оид ба пажуҳиши СESI, Маркази мутолеоти стратегии АвруОсиё, ки тибқи он гӯиё ташаббуси Умаралӣ Қувватов барои гирдиҳамоиҳо ҳушдори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, изҳор дошт, дар минтақа бозию мусобиқаҳои геополитикӣ миёни абарқудратҳо ҷараён дорад. Ӯ гуфт, аъзои “Гуруҳи 24” асосан дар Ғарб қарор доранд ва феълан абарқудратҳо якдигарро дар ҳимоят аз “Гуруҳи 24” муттаҳам мекунанд. Холиқназаров таъкид намуд, Тоҷикистон намегузорад гуруҳҳое, ки бозичаи дасти дигарон шудаанд вазъи кишварро ноором кунанд.
СESI, Маркази мутолеоти стратегии Авруосиё, мақараш дар шаҳри Лондони Бритониёи Кабир бо нашри гузорише ташаббуси Умаралӣ Қувватовро барои гирдиҳамоии 10 октябр ҳушдори Русия ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хонд, ки вақтҳои охир майли бештаре ба Пекин дорад.
СESI, як созмони мустақили Бритониё, ки ба таҳқиқи экспансияи Русия дар Осиё ва Аврупои шарқӣ машғул аст, изҳор медорад, ки пушти овозаҳо дар бораи митинги 10 октябри 2014 мақомоти рус меистанд, ки аз наздикшавии Душанбе бо Пекин дар ташвишанд: “Русия бо ин сарусадо дар бораи митинг ба Эмомалӣ Раҳмон паём фиристод, ки дар сурати сарфи назар кардани манофеи Русия ва додани авлавият ба Чин метавонад, дар Тоҷикистон “инқилоби ранга” ташкил кунад.”
Гузоришгарони ин созмон мегӯянд, сафари ахири Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин ба Тоҷикистон, ки бо тавофуқот оиди сармоягузории 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон анҷомид, дар Русия бо нигаронӣ қабул гардид. Ба гуфтаи онҳо нигаронии мақомоти тоҷик ҳам аз Умаралӣ Қувватов нест, ки дар арсаи сиёсат навқадам аст, балки мақомоти тоҷик аз пуштибонҳояш дар Русия хавотиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |