Бахшҳо

Шикояти ҲНИТ аз “сюрприз”-и мақомоти Қумcангир

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз эҷод шудани монеаҳои сунъӣ дар рафти баргузории конфронсҳои интихоботии бахшҳои худ дар вилояти Хатлон шикоят дорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 5 январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Шӯъбаи маориф ва илми ноҳияи Қумсангир дар толоре, ки қарор буд, имрӯз конфронси интихоботии ноҳиявии онҳо баргузор шавад, бидуни огоҳияшон ҷаласа доир кардааст. Файзраҳмонов мегӯяд, баргузории ҷаласаи ҳисоботии Шӯъбаи маориф ва илм дар толори бинои “Райпо”-и ноҳияи Қумсангир дар ҳолест, ки онҳо барои гузарондани конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар навоҳии Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир ва Панҷ дар он аз Холмурод Раҳмонов, раиси ноҳия иҷоза гирифта буданд: “Ҳангоми муроҷиати мо ба ҳукумати маҳаллӣ гуфтанд, баргузории ҷаласаи ҳисоботии Шӯъбаи маориф рӯзи 4 мувофиқа шуда ва аз сабабе, ки ҳоло на раиси дастгоҳ ва на муовинаш ҳозир нестанд, чизе гуфта наметавонанд.”

Ба қавли Маҳмудҷон Файзраҳмонов, бояд дар ин конфронс номзадии вакили ҲНИТ ба интихоботи моҳи марти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи рақами 33 пешбарӣ мешуд: “Соати 11:00-и имрӯз бояд конфронси мо оғоз мешуд ва барои баргузории он рӯзи 3 январ аз раиси ноҳия иҷоза гирифта будем. Вале субҳи имрӯз мебинем, Шӯъбаи маориф ва ҳукумати маҳаллӣ барои мо як “сюрприз”-е омода кардаанду дар толоре, ки мо онро давоми се рӯз, тозаву ба таритиб даровардаем, ҷаласаи ҳисоботии худ бо иштироки тамоми муаллимони ноҳияро баргузор кардааст ва масъулини шӯъба мегӯянд, ҳоло намедонанд, ҷаласаи онҳо то кай тул мекашад.”

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ҲНИТ беш аз 40 ҳазор узв дорад.


Акс аз рафти ҷаласаи Шуъбаи маориф ва илми ноҳияи Қумсангир
Мӯҳр
ер
Чор курпачаро пратоед дар ягон майдон гузаронед чаласаатонро. Толор кофта мегардед?

adl
Boyad az kori in hukumat shikoyat nameburded chunki in kor ba onho odat shud misli kajdum. Ba pesh gufta kori hudro dawom dodan gired. Bo umedi Alloh piruzi dar pesh ast.

Хайршо
Баръакс ХНИТ ба Шуъбаи маориф ва Хукумати махалли сюрпризи Соли Нави омода карда будааст. Офарин, кори савоб анчом додаанд ва набояд миннат кард. Рушди Маориф аз хама мухим аст. Ту неки куну дар Дачла андоз..

Cалом ХНИТ факад монеи барои низби шумо мешавад ё шумо монеа месозед шумо яксуву тамоми макомонхои махалли яксу хамун хизбатона исломаша аз номи хизб гиред хамааш хагз мешад мухтарам Кабири мардум мебонад шумо рост ё маорифчиён

Мухочирбача
Хело хурсандам ки як хукумати бо он хама решаи бакувват дошта аз як Хизби сиёсии то инкадаР тарсу ларз дошта бошад ки пешгир ва монеаи чаласахояш мешавад . Ин боиси Ифтихор аст . ОФАРИН ХНИТ . ХУДО КУВВАТ БА ШУМО !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)