Бахшҳо
05 янв 2015 09:37Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳоии яҳуди тоҷикистонии ҷонибдори Фаластин аз зиндон

Андрей Пшеничников, шаҳрванди 27-солаи Исроил, ки ҳудуди 10 сол пеш аз Тоҷикистон ба ин кишвар муҳоҷир шудааст, аввали соли равон аз зиндони Миср озод шуда, ба Исроил баргаштааст.

Пшеничников бо ҷонибдорияш аз ҳаракатҳои озодихоҳии Фаластин маъруф аст. Ин яҳуди тоҷикистонӣ баъди хидмати сесола дар артиши Исроил шартномаашро тамдид карда, азми кор дар артиш кардааст. Аммо баъди 18 моҳи хидмат артишро тарк карда, барои ҳимояи ҳуқуқи фаластиниҳо ва барои сулҳ миёни яҳуду фаластиниҳо фаъолиятро оғоз кардааст. Ӯ ба Фаластин ва ба пойгоҳи гурезаҳои фаластинӣ рафта, ба ҳайси пешхизмату сохтмончӣ кор кардаааст ва ин иқдомашро ҳамчун “муборизаи сиёсӣ барои ҳуқуқи фаластиниҳо” маънидод мекардааст.

Соли 2012 Пшеничников аз ҷониби мақомоти Исроил дар узвият ба ҳаракатҳои террористии Фаластин муттаҳам шуда буд, аммо бо қарори додгоҳ озод гардид. Баъди чанде боз ӯ дар талоши вуруд ба навори Ғазза боздошт гардид, вале баъди мусодираи шиносномааш раҳо шуд. Аммо рӯзи дигар, охирҳои моҳи декабри соли 2012 дар марзи Миср боздошт шуда, ба иттиҳоми вуруди ғайриқонунӣ ба кишвар моҳи феврали соли 2013 ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар пайи қазия аз Исроил танқид мекарданд, ки барои озодии шаҳрвандаш ҳеч иқдоме накардааст, вале Вазорати умури хориҷии ин кишвар изҳор медошт, ки Миср намехоҳад муҳлати ҷазои Пшеничниковро кам кунад. Ба иттилои расонаҳои арабу исроилӣ Пшеничников 3-юми январи соли равон аз боздошт раҳо шуда, ба Исроил баргаштааст.
Мӯҳр
Куруш
Андрей тарбияи Точики гирифтаги, барои хамин ба беадолатихои хешу акрабхояш муросо карда натавонистааст.

Ягон чосуси яхуди набошад,ки бо хамин Рох сирри фаластинро ба исроил расонад???
Аслан чосусон чунин кор мекунад дар назди Ом худнамои вале дар асл сири давлатиро кашф мекунад.

"навори Ҳаза" ғалат аст. Номи ин минтақа "навори Ғаз(з)а" аст (نوار غزه). https://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%86%D9%88%D8%A7%D8%B1_%D8%BA%D8%B2%D9%87

Амир
Ба яхудихо хеч бовар накунедонхо хар руз мусулмононро фиреб медиханд чоп кунед озодагон агар озод боши

Тамирис
Ба чехраи гарми хамин Алёша хар вакт назар мекнм, гуё дар у кисман нишонахои точики доштанаашро ба худ кашф менм.

786 Кулоб
786
Салом миллат, ин корхо хелаю найранги чосусон аст, кам аст ки яхудихо дар таърихи башар, ки мусулмон шудаанд. Мо дуо мукунем Худоё душманони моро ба дуст табдил кун Ё Рабб.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)