Гулов дар бораи хешӣ бо президент, курсии консулӣ ва “миёнаравҳо”
Ашраф Гулов, ки ним сол пеш курсии консули Тоҷикистон дар Русияро соҳиб шуд, дар суҳбат бо рӯзномаи “Тоҷикони Россия” таъкид намудааст, ки ин мансабро ба хотири домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон буданаш нагирифтааст.
Гулов иқрор кардааст, ки дар мавриди таъиноташ хоҳу нохоҳ бо чунин изҳороту назарҳо вомехӯрад. Ӯ мегӯяд, ин овозаҳо ғайримантиқиянд: “Тавре ба ҳама маълум аст, хадамоти консулии Тоҷикистон дар Русия аз ҷумлаи мушкилтарин минтақаҳои фаъолияти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аст, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи расонаҳои хабарӣ мебошад. Ин чӣ тавр мешавад, агар воқеан ман мансабамро танҳо ба хотири домодӣ гирифтаам, пас чаро ба ман ҷои “оромтар”-у “равғанинтар”-ро надодаанд.”
Ашраф Гулов муътақид аст, ки омили калидии таъиноташ ба вазифаи консулӣ аввал боварӣ ба ӯ ва баъдан таҷрибаи корияш дар хидмати дипломатӣ мебошад: “Такрор мекунам, ки Хадамоти консулӣ яке аз минтақаҳои мушкилтарин аст ва бо навгониҳо дар қонунгузории Русия боз мушкилтар шуд. Фикр мекунам, омилҳои асосии таъинотам боварӣ ба ман ва таҷрибаи кориям дар хадамоти дипломатӣ аст, ки дастраси омма мебошад. Маро ба ин минтақаи мушкил таъин карданд ва ман хурсандам, ки ба ман бовар кардаанд.”
Консули Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ҳадафи асосии фаъолияташ хидматрасонии босифат ва фаврӣ ба тоҷикистониён, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар мавриди ҳамкориҳо бо “миёнаравон”, ки аз шаҳрвандон маблағ мегиранд, консули тоҷик иқрор намудааст, ки “миёнаравҳо”вуҷуд доранд, аммо ягон корманди хадамоти консулӣ бо онҳо ҳамкорӣ надорад: “Аммо кафолати садфоизиро танҳо Худо медиҳад. Кормандони хадамоти консулӣ ҳам одаманд ва ман наметавонам ба мағзи ҳар яки онҳо даромада, кафил бошам, ки ягонтои онҳо аз мавқеи хидматияшон сӯиистифода намекунанд. Аммо ман пайваста ба кормандон ҳушдор медиҳам, ки агар сӯиистифодае шавад, ҳатман чораандешӣ мекунам. Ман салоҳияти таъину барканории кадрҳои дипломатиро надорам, аммо асноди лозимиро таҳия карда, ба марказ ба роҳбарияти Вазорати умури хориҷӣ ирсол мекунам.”
Гулов изҳор доштааст, ки тариқи дастгоҳҳои назоратӣ миёнаравҳоро мушоҳида карда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро боздошт низ мекунанд: “Аммо баъди муайян кардани шахсият онҳоро боз озод мекунанд, чун бе аризаи шахси воқеӣ исботи қаллобӣ тақрибан имкон надорад.”
Консули Тоҷикистон зимни ин суҳбат ваъда додааст, барои беҳбуди хизматрасониҳо ва сарфаи вақту нерӯҳои онҳо чораандеширо идома хоҳад дод ва ҳатто аз эҳтимоли роҳандозии хизматрасонии электронӣ дар оянда суҳбат кардааст.
Ашраф Гулов, писари 33-солаи Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва саноат ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад, ки маълумоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ дорад. Фаъолияти корияшро соли 2003 аз Бонки Миллии Тоҷикистон ба ҳайси иқтисодчӣ оғоз карадааст. Ба хидмати дипломатӣ соли 2007 пайваста, ба ҳайси котиб дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва намояндагиҳои кишвар дар Иттиҳоди Аврупою НАТО фаъолият кардааст.
Аз соли 2010 то 2014 дар кумитаи андози кишвар фаъолият карда, вазифаи сардори раёсати андозсупорандагони калонро ба уҳда дошт. Аз моҳи майи соли 2014 инҷониб роҳбари Хадамоти консулии Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |