Интиқоди ВКД аз пуштибонҳои ҷинояткорон дар Бадахшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи муттаҳам дар нашъаҷаллобӣ дар рӯзи якуми соли нав дар вилояти Бадахшон хабар дода, афзуд, ки феълан амалиёт барои ошкор кардани иштирокдорони дигари ҷиноят идома дорад.
Ба иттилои манбаъ рӯзи 1-уми январи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб аз автомашинаи тамғаи «Митсубиси-Паҷеро» рақами давлатиаш А 80-37 РТ 04 беш аз 71 кило маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ мегӯяд, ронандаи автомашина Ҷавов Амиралӣ, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ бо ҳамроҳии мусофиронаш - Мардоншоев Карамалӣ, сокини 43-солаи ноҳияи Шуғнон ва Имомдодов Аъзам, истиқоматкунандаи 30-солаи Хоруғ боздошт гардиданд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад. Ин ниҳод дар идомаи иттилоияи худ аз он интиқод мекунад, ки бархе аз сокинони Бадахшон аз афроди ҷиноятпеша ҳимоят мекунанд, ки мубориза бо ҷинояткориро мушкил мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |