Бахшҳо

Ҷумъаи Толиб ба дастгирии ҳамкасбон ниёз дорад

Иттиҳодия ва созмонҳои рӯзноманигорони Тоҷикистон аз журналистон даъват кардаанд, ки ба хабарнигори тоҷик Ҷумъаи Толиб кӯмаки моддӣ расонанд.


Зимнан дар муроҷиатномаи Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ИЖТ ва Медиа Алянси Тоҷикистон омадааст, ки Ҷумъа Толиб  аз соли 1984 узви Иттиҳоди журналистони тоҷик буда,тайи ин муддат дар нашрияҳои мухталифи ҳукуматӣ ва мустақил кору фаъолият кардааст. Шурӯъ аз соли 2005 мавриди тафтиши мақомот қарор гирифта, бо ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ дар вилояти Суғд барои 2 сол равонаи зиндон гардид. Баъд аз талошҳои зиёди вакили мудофеъи вай ва пуштибонии дигар созмонҳои ҳуқуқӣ пас аз 6 моҳи нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳи муввақатии Истаравшан Ҷумъаи Толиб ба озодӣ мебарояд. Тӯли чанд соли ахир ин рӯзноманигор раҳбарии Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро бар дӯш дошта, ҳамзамон муассиси нашрияи «Пайкон» буд. Вале кашида шудан ба баҳси судӣ ва бастани Бюрову нашрияи «Пайкон», ба авҷ гирифтани бемории ӯ низ таъсир гузошт. Ҳоли ҳозир Ҷумъа Толиб дар ҳолати вазнин қарор дошта, ба кӯмаки дӯстон ва ҳамкасбон ниёз дорад.

Дар поёни муроҷиатнома омадааст: «НАНСМИТ, ИЖТ ва МАТ аз кулли ҳамкасбон даъват мекунад, ки дар нисбати  сарнавишти Ҷумъаи Толиб бетараф набошанд ва ба расонидани кӯмаки молӣ ба ӯ саҳм бигиранд». Тафсилоти бештар дар нишонии www.nansmit.tj қобили дарёфт аст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)