Эмомалӣ Раҳмон раисони панҷ ноҳияро иваз кард

Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2 январ бо судури чанд фармон раҳбарони бархе аз навоҳии кишварро аз вазифа озод ва ба мансабҳои нав таъин кард.
Тавре дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ медиҳад, сарвари давлат Бекназарзода Саъдулло Саидро аз вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод ва Абдураҳмонзода Саидумрон Назарро, ки раиси ноҳияи Рашт буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён таъин кардааст. Раҳбарии ноҳияи Рашт бар души Қаноатшо Лоиқов гузошта шудааст.
Исмоилзода Маҳмадраҳим Абдураҳмон аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон озод ва курсии ӯ ба ихтиёри Убайдулло Абдуллоев гузошта шуд. Ҷаноби Абдуллоев то ин замон раиси ноҳияи Хуросон буд, ки акнун Сафарзода Раҳматулло Хайрулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.
Ҳамин тариқ бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Тоҳирхон Амиршоев ба ҷои Пирмадхон Зарифӣ раиси ноҳияи Мӯъминобод таъин шуд. Оқои Зарифӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Мӯъминобод озод гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |