Президент қонунҳои нави Тоҷикистонро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2 январ як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон қонунҳо «Дар бораи назорати содирот», «Дар бораи хизмати дипломатӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон”-ро имзо намудааст.
Манбаъ мегӯяд, қонуни Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин вобаста ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, қ онун «Дар бораи хизмати дипломатӣ» дар таҳрири нав ҷиҳати танзими асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии соҳаи дипломатии Тоҷикистон қабул карда, он ба шароити кунунии рушди дипломатия мувофиқ карда шудааст: “Тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон ва баъзе дигар қонунҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф, танзими ҳуҷҷатҳои электронӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, рушди мурофиаи гражданӣ ва соҳаҳои дахлдори ҳаёти кишвар қабул карда шудаанд”.
Дафтари матбуотии раисиҷур мегӯяд, қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |