Вазорат сафҳаи фейсбукӣ кушоду вазир не
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифа кушодааст.
Ин ниҳод мегӯяд, саҳифаи фейсбукии Вазорати умури хориҷии кишвар бо нишони - https://www.facebook.com/mfa.tj дар Фейсбук рӯзи 2 январ фаъол гардид. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ метавонанд, минбаъд хабару рӯйдодҳои вазоратро дар ин саҳифа пайгирӣ карда, аз ҷараёни вохӯриву чорабинӣ ва дигар маълумот роҷеъ ба сиёсати хориҷӣ огаҳ шаванд.
Боз шудани саҳифаи фейсбукии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки вазири пешини умури хориҷии кишвар – Ҳамрохон Зарифӣ шахсан дар ин шабака саҳифаи худро дорад. Аммо саҳифаи шахсии Сироҷиддин Аслов, ки беш аз як сол раҳбарии Вазорати умури хориҷии кишварро ба уҳда дорад, то ҳол дар Фейсбук боз нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |