Навгониҳои Русия барои муҳоҷирон дар соли 2015

Сар аз 1 январи соли 2015 дар Русия як қатор навгониҳо барои муҳоҷирони меҳнатӣ мавриди амал қарор гирифтанд. Тибқи меъёрҳои нав, аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд, вориди қаламрави Русия шаванд.
Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ин ҷода шаҳрвандони Қазоқистон ва Белорусия истисно мебошанд, чун ин кишварҳо узви Иттиҳоди АвруОсиё ҳастанд. Имтиёзи мазкур ба сокинони Қирғизистон ва Украина низ дода шудааст, ки аввалӣ дар ҳоли воридшавӣ ба Иттиҳоди АвруОсиё қарор дошта, дуюмӣ бо буҳрони дохилӣ рӯбарӯст.
Инчунин бар асоси қонуни қабулкардаи Думаи давлатии Русия шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои бидуни раводид, амсоли Тоҷикистон, ба ин кишвар меоянд, шурӯъ аз 1 январи соли 2015 барои кор дар пеши шахсони ҳуқуқӣ бояд патент дошта бошанд. Русия низоми квота ва иҷозатнома барои корро (Разрешение на работу) барҳам дода, феълан патенти ягонаро роҳандозӣ кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳар моҳ онро гиранд. Арзиши патент дар минтақаҳои Русия фарқ мекунад. Аз ҷумла муҳоҷири меҳнатӣ барои патент дар Маскав моҳе 4 ҳазор рубл ва дар Санкт Петербург 3 ҳазор рубл диҳанд. Қаблан патент дар Русия ҳудуди 1,2 ҳазор рубл нарх дошт.
Инчунин тибқи меъёрҳои нави қонунгузории Русия муҳоҷирони меҳнатӣ барои кору зиндагӣ дар қаламрави Русия ба супоридани имтиҳон аз забони русӣ ва таъриху қонунгузории ин кишвар низ муваззафанд. Танҳо мутахассисони сатҳи олӣ, ҷавонони то 18-сола, занони аз 60 боло ва мардони 65-солаву иштирокдорони барномаҳои давлатӣ аз супоридани ин имтиҳон озод мебошанд.
Ин навгониҳо дар ҳолеянд, ки ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |