Таъсиси баталиони вижаи назди ҳукумат дар Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз таъсиси як баталиони нав дар кишвар хабар дод, ки ба он сарбозони шинос бо корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ҷалб мешаванд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, баталиони нав аз ҳисоби наваскарони даъвати тирамоҳии соли 2014 ташкил шуда, зертобеи Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон мебошад: “Баталион ҳафтаи гузашта таъсис ёфта, ба он сарбозоне ҷалб мешаванд, ки дар бораи техникаи хоҷагидорӣ, масъалаи кишоварзӣ ва чорводорӣ маълумот доранд. Феълан ба ҳайати баталион 70 нафар қабул гардидаанд”.
Вазорати мудофиа таъкид мекунад, сарбозони воҳиди нав мисли дигар хизматчиёни ҳарбӣ савганд ёд мекунанд ва муҳлати адои хизматашон низ чун дигар сарбозон 2 сол аст. Ин ниҳод илова намуд, баталиони нав барои таъмини кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба маводи ғизоӣ равона хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |