Бахшҳо

Як соли шоу биз: Аз ҷаримаи Зулайхо то “Зулфи парешон”-и Фозилов

Маҳбуби ГАНҶААЛӢ

12 моҳи сипаришуда фазои шоу бизнеси тоҷик пур аз навгониҳо буд. Хабарҳои хушу нохуш зиёд шунидем. Ҳоло ки дар соли 2014 ҳамагӣ як рӯзи дигар меҳмон ҳастем, беҳтар аст муҳимтарин хабару воқеаи санъати овозхонии кишварро ба ёд биёрем.


ДОДГОҲИ НОҲИЯИ Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони ҷавони тоҷикро, барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо ба маблағи 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кард. Парвандаи Маҳмадшоева аз сӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таҳия шуда, баъдан ба додгоҳ ирсол гардид. Моҳи декабри соли гузашта дар интернет зери унвони “днюхаи Зулайхо” наворе пайдо шуд, ки баҳсу вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон бо ишора ба шукуҳ ва меҳмонони зиёд дар таҷлили рӯзи мавлуди Маҳмадшоева аз он шикоят карданд, ки зимни татбиқи қонуни танзими расму оин дар кишвар тафриқаандозӣ мешавад. Баъдан масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо Зулайхо Маҳмадшоеваро даъват карда аз ӯ баёнот гирифтанд, ки дар он овозхони тоҷик гуфтааст, ин навор на аз ҷашни зодрӯз, балки муаррифии албоми нахустини ӯст.

Маҳмадшоева дар оғози сол аз боз шудани торнамои расмияш хабар дод. Дар ин сомона, ки бо нишонии zulaykhomusic.com дастрас аст, тарҷумаи ҳол, аксҳо, мусиқӣ ва клипҳои Зулайхоро дидан мумкин аст. Имсол инчунин хабари зери номи “Зу-зу” муаррифӣ шудани Зулайхо ҳам расонаӣ шуд, аммо зуд онро рад карданд.

ФАРЗОНАИ ХУРШЕД нахустин зани хонандаи тоҷик шуд, ки клипашро шабакаи мусиқии форсизабон - PMC пахш кард. Клипи “Биё-биё”-и Фарзона бори аввал 24 феврал тариқи эфири ин шабака намоиш дода шуд. PMC аз шабакаҳои маъруфи мусиқии форсизабон аст, ки аз миёни сарояндаҳои тоҷик нахустин шуда, клипҳои Садриддини Наҷмиддин тавассути он намоиш дода шудааст. Соли равон клипҳои чанд хонандаи дигари попи тоҷик, назири Ҷонибек Муродов, Таҳмина Ниёзова, Баҳроми Ғафурӣ, Валиҷон Азизов ва Фаридуни Хуршед ҳам ба он роҳ ёфт.

СТУДИЯИ "HUSENIYON PRODUCTION" эълон кард, бар пояи таронаи “Дар оғуши ту мемирам”-и Нигина Амонқулова нахустин клипи иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро таҳия кардааст. Ба қавли Беҳруз Насриддинов, директори тиҷоратии студияи мазкур коргардонии клипро Азамат Ҳусейн бар уҳда дошта, "мақсади асоси клип ба меҳрубонӣ ва ғамхорӣ талқин намудани мардум аст".

МОҲИ МАРТ дар чорчуби Ҷашнвораи Этно-ҷаз-2014 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барои мутрибон ва гуруҳҳое, ки ба мусиқии этно-ҷаз таваҷҷуҳ доранд, давраи омузишӣ баргузор шуд. Ҷашнвораи этно-ҷаз дар Душанбе ҳамасола баргузор мешавад. Бори нахуст он соли 2009 доир шуда, бастакор ва эҷодкорони санъати ҷазро аз Қирғизистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбайҷон гирди ҳам овард. Ҳадафи баргузории фестивали мазкур рушди этно-ҷаз дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

ДАР СОМОНАҲОИ мусиқӣ таронаи “Аз ғамат ай нозанин”-и Аҳмад Зоҳир дар иҷрои як тифли панҷсола нашр гардид. Муҳаммадёри Бахтиёр, фарзанди Бахтиёри Бегиҷон, овозхон ва танзимкунандаи оҳанг аст. Бахтиёри Бегиҷон дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, ба наздики таронаи “Гулнор”-и Садриддини Наҷмиддинро дар бозхонии Муҳаммадёр пешниҳод хоҳад кард.

12 АПРЕЛ дар шаҳри Душанбе аз озмуни “Ҷило”-и телевизиони “Сафина”, ки имсол мақоми байналмилалӣ гирифт, аз рӯи 12 наминатисия, аз ҷумла “беҳтарин сарояндаи сол”, “беҳтарин суруди сол”, “беҳтарин намоиши театрӣ”, “беҳтарин оҳанги шарқ” ва ғайра натиҷагирӣ шуд. Муассисон гуфтанд, аз миёни 200 довталаб танҳо 36 нафар барои иштирок дар ин озмун роҳхат гирифта ва тайи бештар аз як моҳ мухлисон ба ҳунарманди мавриди таваҷҷуҳи худ, тавассути паёмак раъй додаанд. Нобовар Чаноров ҷоизаи “беҳтарин овозхони мард” ва Меҳрнигори Рустам ҷоизаи “беҳтарин овозхони зан”-ро соҳиб шуданд. Ҷоизаи “клипи беҳтарини сол” насиби “Гулнор”-и Садриддини Наҷмиддин ва “Муҳаббати ту”-и Нигина Амонқулова гардид. Сиддиқ Шабоб, сарояндаи афғон ва Нигора Холова ҷоизаи “Оҳанги шарқ”-ро ба даст оварданд. Давлатманди Хол ҷоизаи “Шахсияти маъруфи сол”-ро гирифт. Ҷоизаи “Ситори бузурги мусиқии форсӣ” ба Фарҳоди Дарё ва Ясмина Алидодова тақдим гардид.

МАТЛУБА РАҲИМОВА, хонандаи маълули тоҷик, ки узви ансамбли давлатии “Фалак” аст, аз хатми карерааш хабар дод. Далели ин тасмимро ӯ шарҳ надод ва гуфт, тарки хонандагӣ мекунад. Аммо дӯстонаш гуфтанд, ӯ наметавонад зиёд аз саҳна дур бошад ва умед карданд, дубора бармегардад. Матлуба дар ҳоле гуфт, тарки саҳна мекунад, ки се таронаи тозааш сабт шуд. Хонуми Раҳимова беш аз панҷ соли ахир рӯи саҳна буд. Ӯ тавассути як барномаи радиоӣ муаррифӣ шуда, аз ноҳияи Ёвон ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Фалак” ба фаъолият оғоз кард. Бар иловаи таронаҳои мардумӣ сурудҳои эстрадӣ ҳам иҷро мекард.

ИМСОЛ НОМИ Манижа Давлатова, овозхони замоне хеле маъруф, ки ҳашт соли ахир аз саҳна канор рафта буд, ҳади аққал чор маротиба расонаӣ гардид. Ду маротиба барои навиштани оҳанг ба хонандаҳои тоҷик аз ӯ ном бурданд. Оҳанги таронаҳои “Даф бизанем”-и Зайнура Пулодова (матнаш аз шоири афғон – Ҳоруни Роун) ва “Дар ин дунё”-и Ҷонибек Муродов (матни он моли Шоираи Раҳимҷон) аз Манижа Давлатова гуфта мешавад.

Як хабаргузории маҳаллӣ аввалҳои моҳи сентябр навишт, Манижа ҳадди аққал баъди се моҳ рӯи саҳна меояд, аммо баъдан ин хабар таъйид нашуд. Ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон гуфт, рӯи бастаҳои ҳероини қочоқӣ аз Афғонистон аксҳои Манижа Давлатова нақш ёфтааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар гузашта бастаҳои ҳероин рамзҳои каждум ва шерро доштанд, ки бозгӯи сифати он будааст, аммо аксҳои Манижа ва Аҳмад Зоҳир чӣ “рамз” дорад ҳоло барои мутахассисони агентӣ каме муаммост.

Ин ки мегӯем, ҳашт сол мешавад, Манижа рӯи саҳна нест, ин маъниро надорад, ки ӯ тамоман аз санъат канор рафтааст. Қаблан як навор дар интернет гардон шуд, ки зоҳиран аз кадом тӯи арӯсӣ бардошта шудааст. Дар он Манижа таъкид мекунад, сарояндагӣ касби хубе нест, аммо мегӯяд хотири дӯст баландӣ кард ва таронае ҳам иҷро мекунад. Як суруди муштараке ҳам бо номи “Зи чашмони ту метарсам” бо Ҳабиб Ҳакимов дорад ва як таронаи такмилнашудааш бо номи “Осмон боронист” замоне дар дискфурӯшиҳо ғулғула афканда буд.

ШОИРАИ РАҲИМҶОН, ки ҳамчун шоираи тароннанавис маъруф аст, дар Душанбе маҳфили шеърашро созмон дод. Дар ин маҳфил хонандаҳое, ки таронаҳои ӯро иҷро кардаанд, ҳозир шуданд ва миёнашон сарояндаҳои саршиноси поп-Садриддин Наҷмиддин, Шабнами Сурайё ҳам буданд.

ИМСОЛ ТОҶИКИСТОНРО дар Big Apple Music Awards, ҷоизаи мусиқии Амрико чор сароянда намояндагӣ кард ва ҳар чор ҳам ҷоиза гирифт. Шабнами Сурайё барандаи ҷоизаи “алмос” шуд ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед ба дарёфти ҷоизаи “овозхони беҳтарин дар миёни бонувони Тоҷикистон” мушарраф гардид. Ҷоизае, ки соли 2009 апааш онро ба худ ихтисос дода буд. Баҳроми Ғафурӣ “овозхони беҳтарини мард дар Тоҷикистон унвон гирифт. Панҷ соли пеш, Баҳромро “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” эътироф карда буданд. Фаридуни Хуршед, як овозхони ҷавон, ки бори аввал иштирокчии ин ҷоиза буд, “Падидаи сол” шинохта шудааст.

Феҳрасти ҷоизадорони Big Apple Music Awards аз Тоҷикистон бо ҳамин тамом намешавад. Дар гузашта Ҷонибек Муродов ду маротиба ба ин ҷоиза даст ёфта буд. Соли 2009 беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон ва соли 2011 “Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна” гардид. Падараш-Ҷӯрабек Муродовро бошад, дар соли 2011 “Чеҳраи мондагор” эътироф карданд.

ИМСОЛ АЗ тасмими таъсиси як Шӯрои бадеӣ аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар расид. Гуфта мешуд, ин шӯро муҳтавои барномаҳои мусиқиву театриро танзим карда, сафарҳои ҳунарии санъаткорони тоҷикро ба хориҷи кишвар ва аз хориҷиҳоро ба Тоҷикистон зери назорат мегирад. Масъулини Иттиҳодияи эҷодии “Базморо”-и Вазорати фарҳанг гуфтанд, тарҳи онро, ки таҳия карда ва барои баррасӣ ба ниҳодҳои марбутаи ҳукумат мефиристанд. Аммо то ҳанӯз маълум нест, тақдири шӯрои мазкур чӣ шуд.

МАСТЕР ИСМАЙЛ, репсарои маъруфи тоҷик дар моҳи июн бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз ҷавонони тоҷик даъват кард, “ба тоҷикситезӣ, тоҷиктеғзанӣ ва тоҷиккидаткунӣ дар дохилу хориҷи кишвар” хотима диҳанду муттаҳид бошанд. Исмайл дар навори даҳдақиқаӣ, ки дар як муддати кӯтоҳ дар интернет тарафдорони зиёд пайдо намуда, аз он интиқод кард, ки ҷавонон дар Русия аз тоҷик муаррифӣ кардани худ шарм медоранд ва дар бештари ҳолатҳо худро зодаи Қафқоз мегӯянд. Исмайл дар ин навор аз ҷавонон даъват мекунад, ин корро канор гузоранду ба боло бурдани обрӯи тоҷикон дар хориҷи кишвар пардозанд. Ӯ мегуяд, сабаби дар Русия иқомат доштани ӯ ҳам баланд бардоштани имиҷи тоҷикон аст.

JEREEMEE PROWORK, як студияи Тоҷикистон шоми 30 июл дар сомонаҳои YouTube ва TopVideo филми ҳуҷҷатии “Ҷонибек Муродов”-ро намоиш дод. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибек ба “Озодагон” гуфт, филми мазкур аз ҳаёт ва эҷоди ин хонандаи маъруфи поп қисса мекунад.

Ҷӯрабек Муродов, хонандаи саршиноси таронаҳои мардумӣ бо даъвати Ҳулио Иглессиас (падари Энрики Иглессиас) ба Испания рафт. Дар ин сафар ӯро ҳамсараш – Мушаррафа низ ҳамроҳӣ кард. Ба гуфтаи наздикони Ҷӯрабек, вай дар шабнишиние, ки Иглессиас оростааст, ширкат ва бо забони тоҷикӣ тарона хондааст.

ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮДАКОН ва наврасони “Баҳористон” аз миёни 2024 довталаби сабқати “Овози тилоӣ” 9 нафарро барранда эълон кард ва дар маросими вижае дар Кохи Ваҳдат онҳоро муаррифӣ намуд. Амирҷон Муродов, Абдурауф Юсупов, Алиакбари Аслиддин, Каромат Ҳабибуллоев, Исҳоқи Шамсулло, Шодибеки Ҳусейн, Шаҳриёр Ҳабибов, Эмомалии Мирзобаротзода ва Фарзонабону Раҳимова ғолиби озмуни мазкур шуданд. Нахустин лоиҳаи “Овози тиллоӣ” соли 2010 роҳандозӣ шуд ва он замон танҳо се нафар баранда гардид. Дар мачмӯъ наздики 60 нафар ғолиби он гардидаанд.

Шабнами Сурайё ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед яке аз чеҳраҳои хабарсози шоу бизнеси тоҷик буданд. Нашри як клипи муштараки онҳо бо номи “Ёрам” дар интернет хуб сару садое барпо кард. Бештари шарҳнависони интернет аз нимаурёнии раққосаҳо бо сароҳат интиқод карданд.

МОҲИ ИЮЛ расонаҳо гуфтанд, ки Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё бидуни иҷозаи расмӣ вориди зиндони рақами яки Душанбе шуда, мехостаанд, аз ҳоли Фурқат Қосимов, хоҳарзодаи Сурайё Қосимова, хабар бигиранд. Фурқат ба ҷурми узвият дар ҳизби мамнӯи “Таҳрир” зиндонӣ будааст. Як манбаи “Озодагон” он замон гуфт, “тибқи қоидаҳои дохилӣ Фарзона, ки қаблан зиндонӣ буд, наметавонист вориди маҳбас шавад. Даромадани Шабнам тибқи қонунгузорӣ дуруст аст, аммо маълум нест, Фарзона бо мусоидати кӣ вориди зиндон шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ин хабаргирии Фарзонаи Хуршеду Шабнами Сурайё баҳсбарангез буд, аммо касе барои ворид шудани, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии Фарзона ба зиндон муҷозот нашудааст: "Баъд аз панҷ дақиқаи ин ҳодиса шахсан Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия, аз ҳодиса бохабар шуда омад ва онҳоро аз зиндон берун кард".

Фарзонаи Хуршед моҳи феврали соли 2010 ба ҷурми мусоидат дар фирори дӯстписараш - Фаррух Рӯзиев ба ду соли зиндон маҳкум шуда, аммо тоохири ин муҳлат зиндонӣ набуд ва дар асоси қонуни афв раҳо шуд.

Баъдан “ҳоҷибибӣ” шудани ин ду хоҳар номашонро дар сархати расонаҳо қарор дод. Шабнам ва Фарзона ҳамроҳ бо апаашон – Бибирӯзигул ва духтари Шабнам – Шарифамоҳ ба зиёрати Хонаи Худо рафта, ҳаҷҷи умра карданд. Баъди бозгашт онҳо бо русарӣ дар маъракаву чорабиниҳо ҳозир мешаванд.

Замоне ки Шабнаму Фарзона ҳанӯз аз ҳаҷ барнагашта буданд, аз оташсӯзӣ ва ғорати манзили модари онҳо - Сурайё Қосимова хабар расид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми ғорат ва оташ задани манзил чор нафарро боздошт кард, ки яке аз онҳо бародарзодаи худи хонуми Қосимова будааст. Гуфта шуд, ин афрод аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ задаанд.

МОҲИ АВГУСТ хабари барои кору зиндагӣ ба Русия рафтани Ҳабиб Ҳакимов, овозхони маъруф ва узви гуруҳи “Фарзин” пахш шуд. Ӯ дар як суҳбат бо “Озодагон” гуфт, интизори дарёфти санади шаҳрвандии Русия буда, баъд аз он расман ба кор хоҳад пардохт. Ҷаноби Ҳакимов гуфт, пайдо накардани кори муносибе дар Тоҷикистон ӯро маҷбур кардааст, ки ғурбатро ихтиёр намояд.

ДАВРОН АЛИМАТОВ, ҳунарпеша ва овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 1 сентябр дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Сочии Русия даргузашт. Ӯро дар зодгоҳаш - шаҳри Хуҷанд ба хок супурданд. Гуфта мешавад, марҳум аз касалии қанд ва дарди дил ранҷ мебурд ва баъди ҷарроҳӣ барои табобат ба Сочӣ рафта буд.

ЙОЙА ВЕНДТ, пианинонавози шинохтаи олмонӣ ба Душанбе омада, дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кард. Консерти ӯ бо ибтикори сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

17 СЕНТЯБР Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия дар вилояти Перм бо нашри як видео аз боздошти як сарояндаи тоҷик бо иттиҳоми қочоқи маводи нашъадор хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ин овозхон ва хешованди шарикаш дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Перм ҳангоми фурӯхтани ҳероин дастгир шудаанд. Хадамот ному насаби ӯро нагуфт, аммо дар Тоҷикистон аз пораи таронае, ки дар гузориши он пахш шуд, соҳиби садоро шинохтанд. Ӯ Қаҳрамони Шарифзод буд, ки чанд тарона ва клипаш дар фиттаҳову интернет мавҷуд аст. Ба дунбол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, Шарифзод дар ин ниҳод ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи мухаддир сабт шуда ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад.

ҲАФТАНОМАИ “ЗАН ВА МАРД” чорумин мавсими озмуни “Сарояндаи сол”-ашро ҷамъбаст ва 13 нафарро ғолиб эълон кард. Баха-84, Наимҷони Саидалӣ, Шаҳроми Абубакр, Зулайхо, Суҳроб ва Олими Маҳмуд, Фирӯза Ҳафизова ва Сарвинози Юсуфӣ дар қатори ғолибон буданд.

ЗАРИНА ТОҶИБОЕВА, як бонуи тоҷики муқими Шветсария муддаии маъруфтарин озмуни мусиқии Аврупо - Евровидение шуд. Зарина бо таронаи “We fly” (Парвоз мекунем) ба озмун омад, аммо ба даври баъдӣ роҳ наёфт. Дар Тоҷикистон иштироки як бонуи тоҷик дар чунин сабқат гарм истиқбол шуд.

Имсол Чилахон Холов, овозхони таронаҳои мардумӣ раиси Кохи Ҷомӣ ва Афзалшоҳ Шодиев, раҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таъин шуданд. Ҷонибек Муродов дар Вашингтону Ню-Йорки Амрико, Садриддини Наҷмиддин дар Австралияву Русия ва Бароми Ғафурӣ дар Маскав ҳунарнамоӣ карданд. Овозаву беасос будани хабари пошидани тезоб ё кислота ба рӯи Нигина Амонқулова ва издивоыи Фарзонаи Хуршеду Фариддуни Хуршед маълум гардид.


АВВАЛҲОИ МОҲИ декабр дар интернет клипи нави Ҷӯрабек Муродов, Валиҷон Азизов ва Ҷонибек Муродов нашр шуд. Он бар матни таронаи “Ало шодоб соҳилҳо”-и Лоиқ Шералӣ таҳия шуда, корбарони интернет онро “беҳтарин дар соли 2014 ва 2015” унвон карданд. Гуфта мешавад, ин клип бо маблағи хеле ҳангуфт таҳия шудааст. Ин клип боз аз он ҷиҳат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки бархе расонаҳо гуфтанд, дар таҳияи он Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳи Ҳукум, собиқ раҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва Лутфиддин Алимардонов, писари муовини сарвазири Тоҷикистон - Муродалӣ Алимардонов саҳм гузоштаанд.

ВАЛӢ САРОЯНДАИ маъруфи афғон, барои бозхонии бидуни иҷоза ва ишора ба муаллифи суруди “Духтари ҳамсоя бало”-и Баҳроми Ғаффурӣ, узрхоҳӣ кард. Ӯ дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт, “мутаассифона дар клипи “Духтари ҳамсоя бало”, ки ман бозхонӣ кардаам, саҳве роҳ ёфтааст, ки ба ман гӯшрас карданд. Матни ин суруд аз ҷониби Баҳром Ғафурӣ навишта шудааст ва ман онро тағйиру такмил дода ва баъд бозхонӣ кардам”.

Валӣ дар зикр нашудани номи Баҳром Ғафурӣ дар клипи "Духтари ҳамсоя бало" студияи “Avang Music”-ро муттаҳам кардааст: “Ман барои ин саҳв мехоҳам аз дӯстам узр пурсам. Ин ҷо ягон хел беэҳтиромӣ нисбати ӯ нест ва ман муътақидам, Баҳром Ғафурӣ инро медонад.” Клипи таронаи “Духтари ҳамсоя бало” дар иҷрои Валӣ 5 декбари соли равон дар Ютуб нашр шуд. Беҳрӯз Зеваров, продюсери Баҳром ба “Озодагон” гуфт, Валӣ ин сурудро бидуни иҷоза бозхонӣ кардааст. Дар моҳи июни соли 2014 низ Валӣ таронаи “Дар ин замона”-и Баҳром Ғафуриро иҷро карда буд. Он вақт Беҳрӯз Зеваров гуфт, онҳо барои бидуни иҷоза бозхонӣ шудани тарона ба “VSP Group”, ки аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад, шикоят бурдаанд.

ДАР ОХИРИН рӯзҳои соли 2014 хабари бозхонии шудани боз як тарона расонаӣ шуд. Суруди “Зулфи парешон”-ро, ки “хити садсолаи тоҷик” унвон мешавад, Файзалӣ Фозилов, овозхони ҷавони тоҷик, бозхонӣ кард. Аксар ба сатҳи ин бозхонӣ баҳои баланд доданд. “Зулфи парешон” аз таронаҳои қадимии тоҷик аст, ки асри 19-ум дар Бухоро эҷод шудааст. Муаллифи онро Левӣ Бобохонови маъруфи яҳудӣ меноманд. Ин таронаро Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ, Рафаэл Толмасов, Борис Наматиев, Олим Бобоев, Афзалшоҳ Шодиев ва даҳҳо тани дигар низ иҷро кардаанд.


КАДОМ ХАБАРРО МО ФАРОМӮШ КАРДАЕМ?

Мӯҳр
Бигзор овозхони маъруфи точик МАНИЖА ДАВЛАТОВАРО Руйи сахна хонанд))) дар асл онро аз чи сабаб аз ВАТАН рондаанд,,,, ба овози у на Шабнам мерасаду на Фарзонаю на дигару дигараш. Дар Точикистон ягона сарояндае буд афсус аз у хам мондем

tojik
п
Руслан,

Ба фикрам сарояндагиро бомба мефахми. Манижа сарояндаи средний уровень аст. Хамон хам агар бо фонограмма сарояд.

.....Ки бояд манижаро руи сахна хонад ? касе ба у кор надорад хондан гирад овози сагон кам накунад ризки гадоро .......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)