Коршиносон муқовимати Русия дар баробари таҳримҳои Ғарбро ба сифр баробар медонанд ва таъкид мекунанд, агар раванди таъсири таҳримҳо ҳамин тавр идома пайдо кунад, эҳтимолан Русия ба кишвари варшикастаи иқтисодӣ табдил мешавад.
Замоне Путин, раисиҷумҳури Русия барои намоиши қудраташ ба ҳаводиси Укроин дахолат мекард, дар тасаввураш намеғунҷид, ки ин дахолати беҷо бо вокуниши шадиди ҷомеаи байналмилал тамом мешавад. Путин бо як қаноатмандӣ ба марзҳои Украина таҷовуз мекард ва ҳатто чунон ҳаяҷони қудрат ғалаба кард, ки гуфт, агар зарур бошад, то Киев пеш меравам. Албатта, ин ҳарф як таҳдид ба Укроин буд, аммо он ба Путин дарди сари бештар овард. Давлатҳои Аврупо ва Амрико ба таври қатъӣ тасмим гирифтанд, дар муқобили Путин ва сиёсати таҷовузгаронааш бозистанд ва муқобалат кунанд.
Дар давроне, ки аввалин бастаи таҳримҳо аз сӯйи Ғарб ва Амрико роҳандозӣ шуд, Путин аз илҳоқи Қрим ба хоки Русия таҷлил мекард ва тасаввур дошт, қудрати геополитикии Русияро дубора барқарор мекунад. Аммо ин тавр нашуд. Русия дар муқобили аввалин таҳримҳои Ғарб оҷиз монд ва пули миллиаш-рубл то ба сатҳи тасаввурношуданӣ беқурб шуд. Беқурбшавии пули милли Русия ва ҳамчунин коҳиши арзиши нафт дар чанд моҳи ахир авомиле буд, ки иқтисоди Русияро мутазалзил кард. Қабл аз ин иттифоқ Путин аз қудрати Русия ҳарф мезад ва чандон зоҳир намекард, ки таҳримҳо ба иқтисоди Русия таъсир гузоштааст. Вале чанде пеш дар конфаронси солонаи матбуотиаш Путин ба сароҳат аз таъсири амиқи таҳримҳои Ғарбу Амрико сухан кард ва гуфт, Русия давраи сахти буҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронад.
Ҳоло вазъияти Русия монанди вазъияти Эрон дар солҳои 2009 ва 2011 аст. Касе агар раванди рӯйдодҳои марбут ба Эронро дар ин солҳо мурур кунад, мебинад таҳримҳои Ғарб ва Амрико оҳиста-оҳиста ба иқтисоди Эрон таъсир мекард. Аммо мақомоти эронӣ ҳич вақт ҳозир нашуданд ба таъсири таҳримҳо эътироф кунанд. Аҳмадинажод, раисиҷумҳури вақти Эрон ҳамеша аз руҳи шикастнопазири эрониён сухан мекард ва таҳримҳоро як коғазпораи бемаънӣ тавсиф мекард. Алабтта, ин амалкарди Аҳмадинажод дуруст буд ё на, ҳарфи дигар аст, вале бо ин шеваи суханронӣ Аҳмадинажод салобат ва руҳи муқовиматгари миллаташро ба душманонаш нишон медод. Аммо агар амалкарди Путин ва Аҳмадинажодро дар як палаи тарозу бигзорем, маълум мегардад, ки Аҳмадинажод бо лаҳни тунди сухангӯияш ва ҷасорати ба худ хосаш ба мардуми Эрон бештар умед медод ва дар солҳои ахири ҳукуматаш ба як навъ “қаҳрамон”-и мубориз дар муқобили қутби якатози ҷаҳон-Амрикову Ғарб, табдил шуда буд. Биноан, суоле ба миён меояд, ки оё Путин дар охири умраш ба мисли Аҳмадинажод ба як фарди муборизе алайҳи қутби якатози ҷаҳон- Амрикову Ғарб табдил меёбад?
Дар зимн, нуктае вуҷуд дорад, ки Путинро шабеҳи Аҳмадинажод нишон медиҳад. Ин нукта шеваи суханронӣ ва эроди суханони тунди Путин алайҳи Ғарб мебошад. Аҳмадинажод ҳам айни суханронии Путинро дошт ва ҳатто тундтар аз суханронии Путин. Чанд нуктаи бориз ин аст, ки Аҳмадинажод ҳич вақт дар суханронӣ кам намеовард ва ҳамеша аз мавқеияти “пирӯз” ва “шикастнопазир”-и кашвараш сухан мекард. Вале Путин бо коромад воқеъ шудани таҳримоти Ғарб аз “заъфҳо”-и кишвараш лаб кушуд ва гуфт, ҳатто таъсири таҳримоти Ғарб ба тиҷорати байни Маскаву Теҳрон ҳам таъсир гузошааст. Ҳарфе, ки мақомоти Эрон дар чанд соли таҳрими Амрикову Ғарб ҳич вақт бар забон наёварданд ва таъкид намуда буданд, ки муносибати иқтисодии Теҳрону Маскав ҳамеша дар ҳоли тавсеа будааст. Вале Путин дар ҳангоми суханрониҳояш заъфҳои кишварашро пеши рӯ меоварад ва мардумро ба беҳбуди вазъи иқтисодии кишвараш умедвор мекунад. Ин кори Путин дуруст аст ё нодуруст, замон ҳақиқаташро ифшо мекунад, аммо сухан дар мавриди “барзах”-и сохтаи Путин меравад.....
Баъди ҳаводиси Укроин муноисбати Ғарб нисбати ба Русия тағйир кард ва ин руйкард вазъи иқтисодии ин кишварро буҳронӣ намуд. Дар ин вазъ Путин бештар шиор мезад ва мавқеъгирии тунде дошт. Дар нахустин таҳримҳои ¬Ғарб Путин гуфт, метавонад дар як ҳафта Киевро бигирад. Ин сухани Путин вокуниши шадиди ҷомеаи байналмилалиро ба вуҷуд овард ва ҳатто ҳамсояҳои Русия аз шеваи амалкарди ин кишвар нигарон шуданд. Айни чунин амалкардро Аҳмадинажод ҳам нишон дода буд. Аҳмадинажод гуфта буд, ки Исроил бояд аз харитаи сиёсии ҷаҳон маҳв шавад. Сухане, ки боиси вокуниши шадиди ғарбиҳо ва амрикоиҳо гашт. Агар ба зоҳири ин мавқеъгирӣ бингарем, ҳар ду мавқеъ тунгароёна ва ҳатто то ҷое тахаюлӣ манамоид. Аммо фарқи ин ду сухан дар он аст, ки Путин тақрибан бо ин суханонаш ҳамсояҳояшро ба даҳшат овард, аммо Аҳмадинажод бо эроди суханонаш ҳамсояҳояашро “шерак” кард, то дар муқобили Исроил-душмани аслии давлатҳои Ховари Миёна ҷасуртар бошанд. Ин як мавриде аз тафовути амалкарди Путин ва Аҳмадинажод аст.
Нуктаи дигар ин аст, ки Путин дар рӯзи аввалине, ки таҳримоти Ғарб пиёда шуд, аз таъсири ин таҳримот лаб кушод. ¬Ӯ эътироф кард, ки иқтисоди Русия аз таҳримот Ғарб шадидан осеб дидааст. Чизе, ки ҳаргиз Аҳмадинажод эътироф накард. Масалан, вақте Амрико ва Ғарб таҳримоти шадидтаре алайҳи Эрон вазъ карданд, Аҳмадинажод таъсири онро ҳеч хонд ва таъкид кард, ки ин таҳримҳо барои Эрон мисли як коғазпора аст. Ин ҳарфи дурӯғ буд ё рост, ин гапи дигар, вале нуктае буд, ки мардумро аз иғтишош ва нооромӣ эмин дошт. Бинобар ин суоли муҳим ин аст, ки чӣ чиз ба Аҳмадинажод инержӣ медод, то ин қадар бо қаноатмандӣ аз мавқеияти кишвараш дифоъ кунад? Оё Эрон қудратмандтар аз Русия буду ҳаст? На! Эрон танҳо кишваре буду ҳаст, ки сахтарин таҳримҳоро таҷриба кард, вале ҳич вақт аз шикаст ё заъфҳояш сухан боз накард. Аммо Путин, раисиҷумҳури Русия дар ин маврид ошкоро суҳбат кард ва гуфтани инки “мардумаш дар шароити сангини иқтисодӣ” қарор дорад, ба қавле умед бахшид...
Русия дар ростаи истиқрори қудрати геополитикиаш қарор дорад ва коршиносон амалкарди Путин ва мавзеъгириҳои тундаш алайҳи Ғарбро ба ин амр вобаста медонанд. Ин чизе аст, ки Путин гоҳ-гаҳе эътироф карда ва ҳатто замоне гуфта буд, ки Русия ба ҳич ваҷҳ ҷойгоҳи аввалаш дар сиёсати байналмилалро аз даст нахоҳад дод. Ин ҷойгоҳ ҳоло барои Русия вуҷуд дорад ё на, масъалаи дигар аст, аммо “барзах”-е, ки бар асари таъсири таҳримҳо дар Русия иттифоқ афтодааст, баёнгари заъф ва нотавонии Русия дар муқобили сиёсатҳои Амрикову Ғарб аст.
Чанде пеш коршиносон ҳадс зада буданд, ки Русия дар ду роҳаи интихоб қарор дорад. Яъне, як роҳ ин аст, ки ба хостаҳои Ғарб тан медиҳад ва аз ормони нақши қутби дуюм ё якуми ҷаҳон шудан фаромуш мекунад. Роҳи дувум ин аст, ки бо таҳримҳо муқобилат мекунад, аммо мардумаш ба шиддат ба кулфати фақр ғутавар мешванд. Путин ва атрофиёнаш оё кадом як аз ин роҳро интихоб мекунанд. Ба назар мерсад, Путин ҳанӯз дудила аст ва намедонад кадомеро интихоб кунад.
С. Шукруллоев