Ҳушдори фиристодаи Путин аз баҳори “гарм” дар Тоҷикистон

Замир Кобулов, фиристодаи вижаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон таҳаввулот дар Осиёи Марказӣ ногузир аст.
Ӯ дар мусоҳибае бо "Интерфакс" гуфтааст, феълан ҳадди аққал аз вуҷуди се пойгоҳи ҷангҷӯёни исломӣ дар сарҳади Афғонистон бо Осиёи Марказӣ иттилоъ доранд: “Яке дар наздикиҳои марз бо Тоҷикистон ва дигаре дар марзи Туркманистон ҷойгир аст, ки аввалӣ бо 4-5 ҳазор ва дуюмӣ беш аз 2 ҳазор ҷангҷӯй доранд. Дар ин пойгоҳҳо тайи ду моҳ то 150 ҷангҷӯй омода мешаванд, ки бисёрашон аз худи Осиёи Марказиянд. Модоме, ки онҳо аз Осиёи Марказиянд, бармеояд, ки онҳоро барои амалиёт дар Ватан омода мекунанд.”
Кобулов изҳор доштааст, сокинони Осиёи Маркзаӣ ба чунин пойгоҳҳо на танҳо бо мақсадҳои молӣ, балки аз рӯи ғояҳои идеологӣ низ ҷалб мешаванд, ки раванди хеле хатарнок ва ҷиддӣ мебошад: “Тибқи иттилое, ки ба мо расида истодааст, ҷангҷӯёни Афғонистон иддао доранд, баҳори оянда худро нишон хоҳанд дод. То баҳор интизор мешавем, вақт нишон хоҳад дод. Ба ҳар сурат мақомоти Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ин иттилоъро доранд ва бояд чораҳои дахлдор андешанд.”
Фиристодаи махсуси Путин дар мавриди дахолати Русия ба мубориза бо ин таҳдидҳо ва эҳтимоли бозгашти марзбонони рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гуфтааст, “Тоҷикистон мегӯяд, ки аз уҳдаи мубориза бо ин хатарҳо баромада истодааст. Мо ҳам он қадар шавқманди бозгашт ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нестем. Мо албата ба сарҳадбонон ва ҳукумати Тоҷикистон кумак мекунем, масалан, бо силоҳ муҷаҳҳаз мекунем. Ин созандатар аст аз он, ки бачаҳоямонро ба он ҷо фиристем”.
Оқои Кобулов илова намудааст, ки дар доираи СПАД ва тариқи пойгоҳи низомии 201 Русия бо таҳдидҳо аз Афғонистон мубориза хоҳад бурд. Ӯ гароиши ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ аз рӯи идеология хатари ҷиддӣ ва асосӣ хондааст.
Дар маҷмуъ оиди сиёсати Русия дар мубориза бо ҷангҷӯёни ифротӣ Кобулов аз суханони собиқ сафири Шӯравӣ дар Кобул, Юрий Михайлович Воронсов зикр кардааст, ки гуфта будааст, “бо муҷоҳидон дар Ҷалолобод ҷанг кардан беҳтар аз он аст, ки то ба Ашқобод бирасанд”. Ҳоло, ин гуфтаи ӯро бо тарзи дигар мегӯям: “ҷанг бо исломгароён дар соҳили дарёи Аму беҳтар аз ин ҷанг дар соҳили дарёи Волга аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |