Бахшҳо
30 дек 2014 09:49Тоҷикистон / Акс

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи ҳукумати кишвар барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ ба масъулини тоҷик супориш додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори иқдоме шудааст, ки Тоҷикистонро аз таъсири омилҳои манфии беруна ҳифз кунад: “Президент дастур дод, ки барои коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ таҳия ва пешниҳод карда шавад.”

Ба иттилои манбаъ зимни маҷлис нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2015 ва тадбирҳои иҷрои қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015” тасдиқ карда шуд: “Таъкид гардид, ки барои иҷрои нишондодҳои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.”

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳамчунин фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2018 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул гардид.

Инчунин Вазорати кишоварзӣ ба раисиҷумҳур ҳисобот додааст, ки давоми 5 сол кишвар дар 53562 га боғу токзори нав бунёд ёфт, ки ин баробар ба 114,2% нишондодҳои фармони мазкур аст: “Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва боғу токзори меваҳои содиротӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад, зеро талабот дар хориҷи кишвар ба меваю сабзавоти Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки аз обу ҳавои ҳозираи водиҳои Тоҷикистон пурсамар истифода бурда, дар мавсими кунунӣ ниҳолшинонӣ аз ҳозир вусъат дода шавад ва таъкид гардид, ки барои ниҳолшинонӣ аз баҳор дида ҳоло беҳтар аст.”


АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон

АКС: Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон
Мӯҳр
Муслим
""Инчунин Вазорати кишоварзӣ ба раисиҷумҳур ҳисобот додааст, ки давоми 5 сол кишвар дар 53562 га боғу токзори нав бунёд ёфт, ки ин баробар ба 114,2% нишондодҳои фармони мазкур аст""" - яъне имсол 1 млн тонна мева мегирем )))))

55
Чи хам карда метавонистанд бечорахо ба чуз аз баланд кардани нархи хизматрасонихо ва андозхо.

Dev
In guna naksharo meboist 20 sol pesh kabul mekardem.

Алишер
Савол ба озодагон
Чаро мавзуи мавод чунину: "Дастури Президент барои таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ дар Тоҷикистон" расми асоси на худи президент, а писари уро гузоштет?
Мумкин инро чоп накунеду ба хар хол ман саволамро додам.!!!

яктаи дигарашам ваъдаи картошка дода буд то хол номаълум картошкахояш пухта расида бошад ё хамаш пусидааст.

шахрванди тч
ин хама хисоботи бардуругро шарм надошта бо таъриф мекунанд ки нихол шинондем , нихолхои шинондагиашон кариб 90% нихолхои сояафканд мебошад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)