Қурби рубл боз поин рафт
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боз поён рафта, имрӯз, 30-уми декабр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1000 рубл аз 90 то 92 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта 1000 рубли русӣ то 105 сомонӣ боло рафта буд.
Дар баробари уфти рубл доллар ҳамоно майли гаронӣ дорад ва саррофони нуқтаҳои мубодилаи пойтахт арзиши фурӯши як долларро дар овезаҳои худ 5,47 сомонӣ муайян кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Раёсати Бонки Милллии Тоҷикистон бо қабули қарори нав аз 22 декабри соли 2014 меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд бардошта, дар сатҳи 8,0 фоизи солона муқаррар намуд. Ба иттилои Бонки Миллӣ ин иқдом дар пайи зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт амалӣ гардида, ба таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул равона шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |