Соли 2014 пур аз ҳодисаву воқеаҳое буд, ки дар хотирҳо нақш мебандад. Дар поёни сол “Озодагон” аз ду коршиноси тоҷик пурсид, панҷ мавзӯи муҳими хабарсоз дар Тоҷикистонро ном бубаранд.
Саймиддин ДӮСТОВ, бунёдгузори созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ”
ФИКР МЕКУНАМ дар соли хабарии 2014 тренд ё тамоюли хабарсози асосӣ албатта муллои тоҷик буд, ки боиси шармсорӣ, ғазабу нафрат ва хеле аз эҳсосоти дигари моро бедор кард ва бори дигар нишондод, то кадом дараҷа мо дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ раҳгумзадаем. Ин тренди хабарӣ нишон дод, ки воқеан муҳити хабарии Тоҷикистон бесоҳиб будааст.
ТАМОЮЛИ ДИГАРЕ, ки албатта дар ВАО бисёр ҳам эҳсосшаванда буд, масъалаи марзу буми Тоҷикистон, шурӯъ аз марзу буми воқеӣ то марзу бумҳои иқтисодӣ буд. Дар аввали сол миллиардҳо долларе, ки Бобаки Занҷонӣ аз Эрон дуздида тавассути низоми бонкии Тоҷикистон онҳоро шустааст ва як қисми онро дар Тоҷикистон монда ва як қисми дигарашро ба кишварҳои дигар интиқол дода, номи Тоҷикистонро дар сархати хабарҳои иқтисодии ҷаҳон қарор дод. Ва ин бори дигар нишон дод, ки дар ҳифзи марзу бумҳои иқтисодӣ манфиатҳои кисса аз манфиатҳои милливу давлатӣ болотар будаанд.
ТРЕНДИ СЕЮМЕ, ки ба назар мерасид, тренди таълиму тарбия ва масъалаҳои маорифи Тоҷикистон буд, ки бо садамаҳои маргбори писарони як мансабдори даҳонкалон ба истеҳсоли умум оғоз шуда, дар охири сол боз ҳам дар пайи он марги нафарони бегуноҳро дошт, ки ин ҳама ҳушдоре ҳастанд, ба миллату ҷомеаи мо ва бояд ба масъалаи таълиму тарбия ва маориф аз шиорпартоиҳои беҳуда ба корҳои амалӣ гузарем, маорифро аз самтҳои муҳими ҷомеа ва давлатдории миллии худ донем.
ҲАМЧУНИН АЗ трендҳои хабарии соли гузашта албатта майдони Укроин ва даъвоҳои Путин буданд, ки дар Тоқикистон мардумро воқеан ба ду гуруҳ тақсим кард: яке ҷонибдори сиёсатҳои путинӣ такя ба зурӣ ва хайрхоҳӣ ба Русия ва аз ҷониби дигар онҳое, ки фикр мекунанд, Русия набояд ба масоили Укроин дахолат мекард. Вале майдони ин тренди хабарӣ ҳам хеле аз мағзҳои Тоҷикистонро такон дод, ба ҷуз аз мағзҳои ҳукмрон, ки аслан фикр мекунам хулосаҳои бардоштаи онҳо дар ин самт нодуруст буд ва шояд ҳамин буд, ки майдондорӣ дар соли гузашта аз он ҷумла дар Хоруғ ва ҳамчунин митинги ба ном 10 октябр дар Тоҷикистон хело ҳам мағзҳоро такон дод ва барои чанд соли дигар онҳо дар зиндагии мо бе таъсир нахоҳад буд.
МАСЪАЛАИ ШОЯД барои мардуми мо муҳимтарин аз трендҳои хабарӣ ин масъалаи нарху наво ва бебарқӣ буд, ки аз зимистони соли 2014 сар шуд ва акнун дар зимистони соли 2015 низ моро интизор аст ва ин якуним моҳи бебарқӣ дар деҳоти Тоҷикистон бори дигар нишон дод, мо то куҷо дар идораи давлатии муҳимтарин соҳа - соҳаи энерҷӣ то куҷо бесамар фаъолият доштем ва то куҷо миллату ҳукумати номуваффақ дорем. Ман умед дорам ин ҳама трендҳои хабарӣ моро ислоҳ карда бошанд. Ин тамоюлҳои хабарӣ муайянкунандаи сифати зиндагии мову шумо ҳам буданд ва бори дигар собит сохтанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон ба чи лоиқ аст. Мо лоиқ ба ҳамин зиндагӣ ҳастем? Барои ин зиндагӣ то ҳамин сатҳ саъю талош варзидем ва натиҷаи аъмоли неку бади мо ҳам ҳамин буд. Умед мекунем, дар соли мелодии нав ин тамоюлҳо тадриҷан аз байн мераванд ва барои ин саъю талош лозим аст, зеро ҳар масъалаи миллӣ кушишҳои умумимиллиро тақозо мекунад.
Шариф МУЛЛОЕВ, мудири кафедраи матбуот ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистон
МАВЗӮИ ЯКУМ - Украина буд. Барои чи маҳз ин мавзӯъ? Барои он ки низоъҳое, ки дар Украина сар заданд, тамоми кишварҳоро фаро гирифт. Баъдан бисёриҳо фикр мекарданд, ки ҳаводиси Украина метавонад таъсирашро ба дигар ҷумҳуриҳо расонад, вале фикр мекунам, ки на. Тоҷикистони мо дур аст аз Украина ва он мухолифине, ки дар дигар давлатҳо ҳастанд нисбат ба мухолифини Тоҷикистон, нерӯмандтар ҳастанд. Барои ҳамин хатари ҳодисаҳое, ки дар он кишвар буданд ба мо таъсир карда наметавонанд. Расонаҳои хабарӣ дар ин бора навиштанд, баъзеашон баҳои мусбат доданд, баъзеашон баҳои манфӣ, вале ягон кишвари дунё ба давлати абарқудрати Русия баробар шуда наметавонад. Русия давлати қудратманд аст, ҳам аз ҷиҳати аслиҳа ва ҳам аз ҷиҳати пешрафти илму техника.
ДИГАР МАВЗӮЕ, ки сари забонҳо буд, Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад, ки кулли сарони давлатҳои аъзои ин созмони бонуфуз дар Душанбе ҷамъ омаданд ва бисёр қарордодҳои муфид низ баста шуд. Ман фикр мекунам, он барои рушду ривоҷи Тоҷикистон аҳамияти зиёд дорад.
МАВЗӮИ СЕЮМ марги баъзе қумондонҳои ҷанги шаҳрвандии мо буд, ки атрофи он матбуоти мо зиёд гуфт. Дар бораи ин қумондонҳо ҳаминро гуфтаниям, ки онҳо дар сохти конститутсионии кишвар хизматҳои арзанда кардаанд ва инро набояд фаромӯш кунем, ҳам Суҳроб Қосимов ва ҳам Қурбон Чоловро.
МАВЗӮИ ДИГАРЕ, ки хотирмон буду мавриди таваҷҷуҳи ВАО зиёд қарор гирифт ва фикр мекунам, фикру ақоиди гуногунро дар ҷомеаи мо ба бор овард, ин гирдиҳамоие, ки барпо нашуд, буд. Сару садои зиёд баланд шуд, вале “митинг” нашуд. Барои чӣ? Барои он ки кишвари мо дар як марҳалае қарор дорад, ки пурқувват аст ва метавонад ҳодисаҳое, ки пеш меояд, пешгирӣ кунад. Тоҷикистон дар пойи худ мустаҳкам аст ва фикр мекунам ягон давлати бегона инро халалдор карда наметавонад.
ҲОДИСАИ ДИГАРЕ, ки дар расонаҳои Тоҷикистон ва берун аз он тасвири худро ёфт, ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо буд. Ман фикр мекунам, ҳар як пешравӣ хуб аст. Барои он ки на ҳар давлат метавонад узви ин созмон шавад ва барои Тоҷикистон шояд ин узвият як сабукӣ ҳам дар иқтисодиёт ва ҳам дар дигар соҳаҳо биёрад.