Назарбоев ҳаводиси Украинаро дарси ибрат хондааст

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон вазъ ва ҳаводиси Украинаро барои кишварҳои минтақа дарси ибрат хонда, хостааст ба қадри сулҳу суботи давлатҳои худ бирасанд.
Ӯ дар як суханронӣ изҳор доштааст, “бояд ба қадри суботи кишвари хеш бирасем, дар ғайри сурат ҳаводиси Украина дар интизори ҳамаи кишварҳои минтақа хоҳад буд”. Ба гуфтаи Назарбоев, решаи аслии мушкилоти Украина дар он аст, ки ҳоло дар ҷомеаи ин кишвар амну субот ва оромӣ ҳукмфармо нест ва ин вазъ метавонад, дарси ибрате ба кишварҳои минтақа бошад. Раисҷумҳури Қазоқистон таъкид кардааст, бар асари ихтилофот иқтисоди Украина дучори мушкил шуда, ҳоло мардум ба имконоти ибтидоӣ, аз ҷумла барқ дастрасӣ надоранд: “Ҳудуди 5 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд, ки аксари онҳоро занон ва муйсафедон ташкил медиҳанд. Ҳудуди 10 ҳазор дар натиҷаи даргириҳо маъюб шудаанд ва ҳоло бояд пурсид, аз барои кадом орзуҳо? Аз чӣ чиз дифоъ карданд? Ё дар муқобили кадом душманон ҷангиданд?”
Ӯ дар охир ба зарурати қатъи даргириҳо дар Украина таъкид карда, аз раҳбарони кишварҳои минтақа даъват кардааст, барои ҳалли ин мушкил сари мизи гуфтушунид нишинанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |