Морозов: Тоҷикистон бояд барои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудан тасмим бигирад
Игор Морозов, узви кумитаи равобити байналмилалии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гуфтааст, Тоҷикистон дар соли 2015 ба ин иттиҳод мепайвандад.
“Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамӣ (СПАД) ҳам шарики фаъоли мо мебошад. Ин кишвар дар чаҳорчӯби минтақаи озоди тиҷоратӣ фаъолияти комил дорад. Аз ин ҷиҳат, Тоҷикистон бояд барои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудан тасмим бигирад”,-изҳор доштааст Морозов.
Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи Тоҷикистон Узбакистон низ метавонад, соли оянда узви иттиҳоди мазкур шавад. Қаблан раиси ҷумҳури Русия таъкид карда буд, дари Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё барои ҳамаи кишварҳои ИДМ боз аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |