Даҳ миллион доллари Амрико барои пайдокунандаи Бағдодӣ
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хотири пайдо кардани макони буду боши Абубакр Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”-и маъруф ба ДИИШ 10 миллион доллар мукофот эълон кардааст.
Амрико мегӯяд, инчунин ба нафаре, ки дар пайдо ва боздошт кардани Айман Завоҳирӣ, раҳбари созмони террористии “ал-Қоида” кумак мекунад, 25 миллин доллар медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, дар баробари Бағдодӣ ва Завоҳирӣ номи Мулло Умар, раҳбари гуруҳи Толибони Афғонистон, Ёсин ас-Сурӣ, яке аз фармондеҳони ал-Қоида ва Муҳаммад Саид, ки дар ҳамлаи террористии соли 2008 дар Ҳиндустон айбдор аст, ном бурда мешавад, ки ба шахси кумаккунанда барои пайдо кардан ва боздошти онҳо 10 миллион долларӣ мукофоти пулӣ дода хоҳад шуд.
Ворид шудани номи раҳбари ДИИШ ба руйхати хатарноктарин террористҳо дар ҳолест, ки ба иддаои Дидбони ҳуқуқи башари Сурия дар давоми шаш моҳи гузашта ҳазору 878 нафар аз сӯи ин созмони террористӣ кушта шудааст.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 28 декабр дар пайи як нишасти хабарӣ, ки дар ин бора гузориш медод, гуфт, аксари қурбониён афроди мулкӣ мебошанд. Ин созмони ҳуқуқӣ мегӯяд, дар миёни ин қурбониён танҳо 120 нфар ҷангҷӯи худи ДИИШ мебошанд, ки ба хотири гурез аз саффи ҷанг ба қатл расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |