Президент ба амниятиҳо: Бузургтарин таҳдид сиёсикунии Ислом аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор гардид, бузургтарин таҳдид ба давлат ва сохти конститутсиониро дар шароити феълӣ номбар кард.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқот таъкид намуд, ки ба таври сунъӣ сиёсӣ кардани Ислом ва ғояҳои он дар шароити феълӣ бузургтарин хатар ба давлат ва сохти конститутсионии Тоҷикистон мебошад. Ӯ бо баёни зарурияти ҷилавгирӣ аз ин раванд дар маҷмуъ аз фаъолияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон низ иттилоъ додааст, Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз боздошти чандин гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиёти мудҳишро дар ҳудуди Тоҷикистон доштаанд, илова намудааст, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад.
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон тамоми кормандонро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намудааст, ки дар ин рӯзҳо аҳли оилаи кормандони қурбоншудаи соҳаро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ бояд намуд, то ки дар хонадони онҳо низ фазои идона ҳувайдо бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |