Талош барои нашри ашъори Синову Ҳофизу Саъдӣ ба забони ҷопонӣ
Алӣ Мададӣ, раҳбари маркази фарҳангии Эрон дар Токиё ва ҳамтои тоҷикаш - Ғолибҷон Гулов зимни як нишаст ба баргузории барномаҳои фарҳангии муштарак дар Ҷопон таъкид кардаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории “Меҳр” дар ин дидор Мададӣ ба муштаракоти фарҳангӣ, динӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон ишора карда, гуфтааст, барномаҳои фарҳангӣ ба суди ҳарду кишвар хоҳад буд. Ин дипломати эронӣ инчунин ба тарҷумаи осори мӯътабри адабиёти форсӣ, осори илмии Абуалӣ ибни Сино ва ашъори Ҳофизу Саъдӣ ба забонӣ ҷопонӣ таъкид кардааст: “Ғолибҷон Гулов, аташеи фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷопон, аз ҷузиёти корҳои фарҳангӣ иттилоъ дода, тарҳи чанд барномаи муштаркаи фарҳангиро пешниҳод кардааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |