Бахшҳо

“Қолабшиканӣ”-и Зоиров. Райиси ҲСДТ номзади №1 нест

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) дар анҷумани пеш аз интихоботии худ 22 нафарро аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 номзад кард.

Анҷумани ҳизб рӯзи шанбеи 27 декабр дар қароргоҳи ин ташкилоти сиёсӣ баргузор шуда, номзадҳо аз рӯи алифбо вориди феҳрасти интихоботӣ гардиданд ва Амният Абдулназаров дар зинаи аввал қарор гирифт. Номи Раҳматилло Зоиров, райиси ҲСДТ дар ҷои ҳафтум навишта шудааст. Шуҳрат Қудратов, узви зиндонии ҳизб ҳам яке аз номзадҳо аст ва дар феҳраст баъд аз Зоиров қарор дорад.

Анҷумани ҲСДТ Бузургмеҳр Ёрову Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиносони шинохтаро ҳам ба рӯйхати ҳизбияш ворид кардааст. Дар феҳрасти ҳизб номи Улфатхонум Маҳмадшоева, Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва Мирҳусейн Назриев, раиси пешини ҲСТ-ро низ дидан мумкин аст. Раҳматило Зоиров, райиси ҳизб дар шарҳи тасмим барои аз рӯи алифбо номнавис кардани номзадҳо гуфт, "ҳадаф таъмини баробарӣ ва ташкили рақобат аст. Бояд дар технологияи интихоботӣ ҳам пеш равем. Ба ҳар як номзад як ҳавзаи интихоботиро пешниҳод мекунем, агар дар ҳамин ҳавза фоизи зиёдро ба ҳизб оварда тавонаду фаъол бошад, он одам рақами як дар рӯйхат мешаваду ғолиб меояд. Ва инро бо қарори ҳизб ба расмият медарорем. Яъне ҳар касе барои ҳизби парлумони шудани ҲСДТ мо кӯшиш кунад ба ӯ бартарӣ дода мешавад. Мо тасмим доштем, нисфи номзадҳоро аз ҳизб ва нисфаш аз ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кунем. Мутаассифона аз ҷомеаи шаҳрванди бисёриҳо розӣ нашуданд, ки пешбарӣ кунем номзадҳояшонро, ба далели он, ки муносибати ҳукумат бо мо хуб нест".

Мӯҳр
дед
рекламма накун Озодагон мардум хуб медонад ки ин қолабшиканӣ нест Чун Зоиров медонад ки агар якуму дуюм бошад овоз намегира(яъне наметанш овозои ҳалолша) барои ҳами аз инки як ҷо суза беҳтар аст ки ягонкаси дигаш ворид шавад

Чинди
МУВАФФАКИЯТ ЧАНОБИ ЗОЙИРОВ!!! ОВОЗАМРО БА ХСДТ ХОХАМ ГУЗОШТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)