Барандаҳои озмуни “Ворисони Ҷомӣ” маълум шуданд
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Ворисони Ҷомӣ”-ро эълон кард.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилоотию таҳлилии кумита ба “Озодагон”гуфт, озмун миёни муҳассилини макотиби олии кишвар баргузор гардида, мақоми аввалро Тобон Мирзоева, донишҷӯи курси 3-и факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ соҳиб шудааст. Манбаъ, мегӯяд, ҷои дуввум насиби Дилором Чориева ва Фаридун Қозиев, донишҷӯёни Донишгоҳои тиббӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон гардида, Шаҳноза Аъзамқулова ва Саъдӣ Додарбеков, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳо ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми севвумро касб кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, озмуни ҷумҳуриявии ровиёни ҷавон таҳти унвони “Ворисони Ҷомӣ” аз ҷониби кумита бахшида ба “Бузургдошти 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ” доир шудааст. Наврӯз Қурбонов мегӯяд, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо “Диплом”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |