Проектҳои “тахайюлӣ”

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО
Мақомоти тоҷик мехоҳанд тавассути Покистон нафти Қувейтро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд. Нурмуҳаммад Аҳмадов, раҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбат бо вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон ин масъаларо ба миён гузошта, аз Покистон хостааст дар роҳи амалӣ шудани ин тарҳ ба Тоҷикистон кумак кунад.
Ин гуна тарҳҳо бори нахуст аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба миён гузошта намешавад. Чанд сол қабл Тоҷикистон мехост тарҳи интиқоли об ба кишварҳои арабро роҳандозӣ кунад ва дар ин замина созишномаҳои зиёде ҳам ба имзо расид. Он вақт расонаҳои наздик ба ҳукумат навишта буданд, ки Тоҷикистон бо роҳандозии ин тарҳ дар бадали об, ба Тоҷикистон нафт ворид мекунад. Аммо ин тарҳ, ки дар мавриди тахайюлӣ буданаш касе чизе нагуфт, амалӣ нагашт ва мардуми араб аз оби тоҷик ҳанӯз истеъмол накардаанд ва мошинҳои мо, ки истеҳсоли Чину Ҷопонанд, нафти арабиро надидааст. Шояд ин тарҳҳо ҳанӯз дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд, вале суоли муҳим ин аст, ки чунин тарҳҳои “мураккаб”, ки табъан ба назари хонанда “тахайюлӣ” менамояд, кай иҷро мешаванд?
Дар ин маврид чанд тарҳҳои пешниҳодии мақомти тоҷикро зикр мекунем, ки ҳанӯз он амалӣ нашудааст. Тарҳи интиқоли об ба Арабистон, Тарҳи иниқоли об ба Эрон, Кашфи конҳои газ ва истихроҷи он ва ғайра, ки тибқи гузориши расонаҳо бояд амалӣ мешуд, то ҳанӯз касе дар мавриди амалӣ шудани ин тарҳҳо мақоме нагуфтааст. Рӯй овардани мақомоти тоҷик ба нафти Кувейт ҳам мардумро ба ёди тарҳҳои гузашта мебарад, чун мардуми тоҷик бо умеди зиёд ба ин тарҳҳо менигарист ва фикр мекард, ки “дарёҳои лабрез аз обаш” мушкилоти иқтисодии кишварашро ҳал мекунад. Тарҳи интиқоли нафти Кувейт ба Тоҷикистон низ пурсишбарангез мебошад. Зеро ин кишвар фарсахҳо аз Тоҷикистон дур аст ва судоварии воридоти нафти ин кишвар ба Тоҷикистон низ суолбарангез менамояд.
Аҷиб ин аст, ки чаро ин тарҳҳо гоҳу ногоҳе аз суйи мақомоти тоҷик матраҳ мешавад. Шояд суоли асосӣ ҳам ин нукта бошад. Мардуми тоҷик, ки зуд ба ваъда бовар мекунад, эҳтимол бо шунидани чунин тарҳҳои ба назар “фавқулода” мушкилоти иҷтимоишаро фаромуш кунад ва фикр кунад, ки интиқоли нафти як кишвар арабӣ нархи созишвориро коҳиш медиҳад ва ё интиқоли оби Тоҷикистон ба кишварҳои араб ё Эрон мушкилоти сангини иқтисодиашро осонтар мекунад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |