Депортшудаҳо аз Норвегия 13 сол равонаи зиндон шудаанд
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” мегӯяд, Додгоҳи Тошканд 24 декабр 9 тан аз шаҳрвандони Узбакистонро, қи қаблан аз Норвегия депорт шуданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидааст.
Аз ин теъдод 6 тан ба ҷурми узвият дар созмони террористии “Ҳаракати исломии Туркманистон” аз 12 то 13 сол равонаи зиндон шуда, се тани дигар авф гардидаанд. Онҳо тибқи моддаи 241-и Кодекси ҷиноӣ - хабар надодан ё пинҳон кардани ҷиноят айбдор мешуданд. Манбаъ мегӯяд, қаблан тавассути телевизиони “Узбакистон” филми “Хиёнат” ба намоиш гузошта шуд, ки дар он фирориёни мазкур ҳамчун “шоҳидони дурӯғин”, “хоинони Ватан” ва “ифротгароёни динӣ” муарифӣ шудаанд.
Бар бунёди иттилои анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” онҳое, ки тӯли солҳои 2008-2014 ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, барои пайдо кардани кор ба Норвегия панаҳ бурдаанд. Барои зиндагии қонунӣ дар он кишвар талош кардаанд, мақоми гурезаро соҳиб шаванд, аммо, ҳукумати Норвегия сиёсӣ будани қазияи онҳоро наёфта, баҳори имсол аз қаламрави кишвар хориҷашон кардааст. Пас аз се моҳи зиндагӣ дар Узбакистон онҳо барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” мегӯяд ин нафарон дар боздоштгоҳи Вазорати корҳои дохилиӣ мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд: “Дар вақти тафтишот аз ҷониби давлат барои онҳо вакили мудофеъ пешниҳод шуд, аммо ба шиканҷаи боздоштшудаҳо расидагӣ накарданд. Ҳеҷ кадом аз вакилони мудофеъ барои гузаронидани муоинаи тиббӣ дархост накард. Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ додгоҳ мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳоро рад кард”.
Ин анҷуман аз кишвари Норвегия дархост кардааст, комиссияи махсус ташкил кунад ва онро барои омӯхтани натиҷаи хуруҷи шаҳрвандони Узбакистон ба ин кишвар фиристад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |