Қудратов дар бораи 7 000 $-и Охунов: Он ҳаққи ман буд!

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки аз ҷониби Турабек Охунов дар қаллобӣ муттаҳам мешуд, имрӯз, 25 декабр дар Додгоҳи Душанбе ин иттиҳомро рад кард.
Турабек Охунов қаблан иддао дошт, Қудратов зимни ҳимояи ҳуқуқҳои бародараш - собиқ раиси ширкати "Мовароуннаҳр" Ҷурабек Охунов, 7 ҳазор доллари амрикоияшонро гирифта, то ҳол барнагардондааст. Тибқи баромади айбдоркунандаи давлатӣ Турабек Охунов бо Қудратов дар барои ҳимояи ҳуқуқи бародари боздоштшудааш, Ҷурабек Охунов созиш карда, ҳаққи ҳармоҳаи вакили дифоъро 500 доллари амрикоӣ муайян намудаанд: “Аммо моҳи сентябри соли 2012 Қудратов аз Охуновҳо боз 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ба ӯ 8 ҳазор доллар додаанд, ки баъдан ҳазор доллари онро баргардонда, 7 ҳазор доллари дигарро ба манфиати худ истифода кардааст.”
Шуҳрат Қудратов имрӯз зимни мурофиаи додгоҳӣ дар Душанбе дар ин робита изҳор дошт, бо Турабек Охунов созиш карда буданд, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои Ҷурабек Охунов дар парвандаи ҷиноӣ моҳе 500 доллари амрикоӣ пардохт хоҳад шуд: “Ин маблағ танҳо барои парвандаи ҷиноӣ пешбинӣ шуда буд. Аммо ман тайи 20 моҳ дар баробари парвандаи ҷиноӣ аз рӯи парвандаҳои дигар низ ҳуқуқҳои Охуновро ҳимоя намудам. Ӯ боз чор парвандаи дигари маъмурию шаҳрвандӣ низ дошт. Дар давоми 20 моҳ ман ҳамагӣ 8 бор маош гирифтаам.”
Қудратов мегӯяд, он 7 ҳазор долларе, ки дар гузашта Охунов барои он даъво дошт, ҳаққи хизматҳои расондааш ба ин хонавода буд. Ӯ таъкид намуд, дар гузашта бо Охунов ҳеч нофаҳмие надошт. Ба суоли судя, ки дар ҳоле ҳама хуб буд, чаро Охунов ба мақомот даъво бурд, Қудратов гуфт, намедонад.
Шуҳрат Қудратов дар идома изҳор дошт, Охунов дар аризаи даъвоияш ба мақомот навиштааст, ки “гӯиё ба ивази 8 ҳазор доллар ман бояд аз ҳукми Охунов моддаи 245-ро бекор мекардам, чунин гапҳо набуданд.” Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қудратов иттиҳоми асосӣ алайҳи Охунов аз рӯи моддаи 245 (азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) эълон шуда буд, ки барои он собиқ зерҳимояаш 12 соли зиндон ва аз рӯи моддаҳои дигар 2 сол гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол рӯзи гузашта, 24 декабр Турабек Охунов зимни шоҳидияш дар додгоҳ баён дошт, ки аз даъвояш алайҳи Қудратов даст кашид ва маблағҳоро низ бахшидааст. Охунов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, “ман ҳоли Қудратовро дида ва фикри зану фарзандонашро карда, аз даъвоям даст кашидам.”
Дар посух ба суоли “Озодагон”, ки чаро аз аввал ба мақомот шикоят бурдед, Охунов изҳор дошт, ки “ман қаблан бо Қудратов дар мавриди ин маблағҳо суҳбат кардам, аммо ӯ зиёдаравӣ карда, таъкид намуд, ки куҷое хоҳӣ муроҷиат кун. Ин суду ина дигар мақомот. Ин боис шуд, ки ман муроҷиат кардам.” Аммо Қудратов дар додгоҳ ҷой доштани чунин таниш бо Охуновро рад намуд.
Мурофиаи навбатии додгоҳии Шуҳрат Қудратов рӯзи душанбеи 29 декабр таъин шуд. Шуҳрат Қудратов 21 июли соли ҷорӣ боздошт шуда, аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 320 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |