ВИДЕО: Боздошти ронандаи “Газел”, ки бо “права”-и тоҷикӣ мусофир мекашонд
Дар шаҳри Твери Федератсияи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон мусофиркашӣ кардан, боздошт кардаанд.
Денис Черных, сардори шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Твер гуфтааст, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки мусофиркаши “Газел”-ро идора мекардааст, ҳангоми аз ҷониби кормандони баталиёни вижаи хадамоти роҳу патрули Твер нигоҳ доштан, ба онҳо шаҳодатномаи ронандагии шаҳрванди Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳодатнома “ба муқаррароти конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ, ки Русия имзо кардааст, мутобиқат намекунад”.
Нисбат ба ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки аз 5 000 то 15 000 рубл ҷарима дорад. Гуфта мешавад, соҳиби мусофиркаш низ, ки онро ба шаҳрванди Тоҷикистон додааст, ҷарима хоҳад шуд. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Твер аз соҳибони мусофиркашҳо даъват кардааст, ҳангоми ба кор қабул кардани ронандаҳо аз кишварҳои ҳамсоя ба ҳуҷҷатҳои онҳо диққати ҷиддӣ бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |