Низоми мусофиркашонӣ дар Душанбе нав мешавад
"Спейс Тим", холдинги технологии Русия мегӯяд, бо шаҳрдории Душанбе дар мавриди роҳандозии низоми муосири идораи нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон ба тавофуқ расидааст.
Ба иттилои ин холдинг дар доираи лоиҳаи “Шаҳри оқил”, интизор меравад, рафтуомади нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе аз маркази ягона идора шавад: “Дар баробари нав кардани нақлиёти мусофирбар низоме роҳандозӣ мешавад, ки воситаҳои нақлиёт саривақт ва бо суръати нисбатан тезтар ҳаракат мекунанд.”
Алексей Шербаков, сардори шӯъбаи содироти “Спейс Тим Холдинг” мегӯяд, феълан дар соҳаи мусофирбарии Душанбе бесарусомонӣ вуҷуд дошта, тартибу низом тақрибан мавҷуд нест. Ӯ мегӯяд, аз лаҳзае, ки дар Душанбе нахустин автобусу троллейбусҳои муҷҷаҳаз бо барномаи “ST PassengerPro", ба ҳаракат медароянд, сокинон имкон пайдо мекунанд, аз лавҳаҳои электронӣ дар истгоҳҳо вақти дақиқи расидани воситаи нақлиётро бубинанд: “Инчунин имкон фароҳам мешавад, мусофирон тариқи ҳар гуна дастгоҳи пайваст ба интернет аз портали ST TransPort Web ҷадвал ва хатсайри воситаи нақлиётро назорат кунанд.”
Манбаъ мегӯяд, ин лоиҳа тайи солҳои 2015-2016 дар Душанбе мавриди санҷиш қарор мегирад ва дар сурати муваффақия дар тамоми ҷумҳурӣ метавонад роҳандозӣ гардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |