Даъвати Академия барои “муборизаи беамон” алайҳи гуруҳҳои радикалии динӣ
Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, тамомим муассисаҳои дахлдори ин ниҳод барои мубориза алайҳи ифротгароӣ муваззаф шудаанд. Академияи илмҳои Тоҷикистон ин нуктаро дар изҳороте баён доштааст, ки ҳамлаи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешовари Покистонро маҳкум мекунад. Ин ҳамла, ки 16 декабр ба вуқӯъ пайваст, беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт.
Раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон дар изҳороташ мегӯяд, бо ҳамрайъӣ бо раисиҷумҳури кишвар, ба тамоми зарардидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти хешро иброз медорад. Дар идомаи изҳорот омадааст, бо назардошти ин ҳодиса, ки ифротгароён барои манфиатҳои ночизи худ занону кӯдакон ва намояндагони дину мазҳабҳои дигарро қурбон мекунанд, бетараф набуда, барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва шаклу усулҳои гуногуни зуҳури он ҳамаи муассисаҳои дахлдори академия, аз ҷумла Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ ва дигар пажӯҳишгоҳҳо вазифадор шудаанд: “Олимони мо ба чунин хулоса расидаанд, ки сӯйистифода аз бовару эътиқодоти динӣ ва суннатии мардум дар муборизаҳои сиёсӣ хатарнок аст. Бинобар ин, дар ҷаҳони муосир ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки аз номи дину Худо сӯйистифода мекунанд, зарурат вуҷуд надорад. Таҷрибаи кишварҳои исломӣ нишон медиҳад, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо ба манфиати доираҳои қабилавӣ маҳдуд мемонанд ва сабабгори афзоиши ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ мегарданд. Аз ин ҷиҳат, дар муборизаҳои сиёсӣ истифода кардани эътиқоди динии мардум наметавонад суботу якпорчагии ҷомеа ва давлатро таъмин кунад”.
Академияи илмҳо мегӯяд, имрӯз дар Тоҷикистон низ доираҳои муайян чи аз дохил ва хориҷи кишвар дар пайи ноором кардани вазъият буда, мехоҳанд аз эҳсос ва эътиқодоти динии мардум сӯиистифода намоянд ва ба ин хотир чунин доираҳо арзишҳо ва меъёрҳои муайяни ахлоқӣ ва ҳуқуқии давлатдории дунявиро дархури манфиатҳои пинҳону ошкори худ тафсир мекунанд.
Дар изҳорот гуфта шудааст, дар Тоҷикистон ҳеҷ кас ҳақ надорад, интихоб ва арзишҳои фитрии худро ба дигарон таҳмил кунад ва ин гуна мавқеи худро ба ҳизбу ҳаракат табдил диҳад, ки хилофи принсипҳои демократӣ ва дунявӣ мебошад: “Дар ҷомеаҳои пешрафта ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ моделҳои рушд ҳастанд, яъне бо барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вориди мубориза мешаванд, на бо истифода аз номи Худо, дин ва дигар эътибороти мазҳабӣ ва суннатии мардум. Ин ҳодисаи нангин бори дигар собит сохт, ки бетарафӣ ва саҳлангорӣ дар кори мубориза бар зидди радикализм ва ифротгароии динӣ, инчунин шаклҳои гуногуни зуҳури он, аз қабили зӯроварӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ба тадриҷ ифротгароӣ минтақаҳои мухталифи ҷаҳони муосирро фаро гирифта, тарзу усули ғоявӣ ва амалии воқеъпазирии он чӣ аз ҷиҳати идеологӣ ва чӣ аз ҷиҳати низомӣ мудҳиштару хатарноктар мегардад. Инро метавонем дар амалҳои охири “Таҳрики Толибон” дар Покистон, “ДИИШ” дар Сурия ва “Ал-Қоида” дар Яман ва Боко “Ҳаром” дар Нигерия мушоҳида кунем”.
Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тамоми институтҳои зертобеи он аз мардум кишвар хоҳиш намудаанд, барои ҷомаи амал пӯшидани орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба пешравӣ овардани Тоҷикистон бо ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |