АКС: Баҳси духтарҳои нимаурён дар дискоклуби “INFINITY”

Шеваи таблиғотии як дискоклуби нав дар маҳаллаи “Колхози Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо истифодаи аксҳои нимаурёни духтарони тоҷик роҳандозӣ шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Бархе аз корбарон аз ифтитоҳи чунин макони тафреҳӣ ва ҳузури раққосаҳои нимаурён дар маркази Тоҷикистон - кишваре, ки ҳудуди 99%-и аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, шадидан интиқод кардаанд.
Маҳмадуллоҳ Вазиров, яке аз корбарони Фейсбук, ки ин гуна шеваи таблиғот ва сару либосро барои духтарони тоҷик нанг медонад, гуфтааст, ба назари ӯ ин ҳама ҷуз фаҳш чизе нест: “Ҳарчанд ба ҳуқуқи дигарон ва интихоби онҳо эҳтиром мегузорам, вале ба назари банда, барои духтарони мо – тоҷикон чунин корҳо зебанда нест.”
Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ З. Вазиров, ин шеваҳои таблиғоту истифода аз духтарони нимаурён, ки ба қавли мубаллиғонашон, “фарҳанг ва санъати сатҳи нав” аст, моли Ғарб мебошад: “Ин ҳама чизҳое мебошанд, ки ба минталитет ва дину ойини мо рост намеояд.”
Вале Гулчеҳра Аҳмадҷонова, корбари дигар аз ифтитоҳи чунин маркази тафреҳӣ ҷонибдорӣ карда, онро “фарҳангу маданияти сатҳи нав” донистааст.
Светлана Климова, корбари дигари Фейсбук низ ба ин баҳс ворид шуда, гуфтааст, “барои духтари бомаданияту дорои шарму ҳаё пӯшидани чунин либос намезебад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дар яке аз ҷаласаҳояш марказҳои дилхушии шабона, ё худ дискотекаҳоро, ки то субҳгоҳон фаъолият мекунанд, мояи костагии фазои ахлоқӣ ва рахнаи арзишҳои миллӣ хонда, дастур додааст, назорати онҳо пурзӯр шавад. Убайдуллоев сохторҳои шаҳрию ноҳиявиро дар камфаъолиятӣ муттаҳам карда, таъкид намуда буд, ки “то ҳанӯз марказҳои алоҳидаи дилхушӣ хилофи регламенти Душанбе то субҳгоҳон фаъолият намуда, боиси косташавии фазои ахлоқӣ ва таблиғи арзишҳои номатлуб миёни ҷавонон мегарданд.” Шаҳрдории аз сокинони пойтахт ва воситаҳои ахбори омма даъват кардааст, ки ба мубориза алайҳи қонуншиканиҳои соҳибони марказҳо ва рафторҳои номатлуби ҷавондухтарону писарон дар марказҳои дилхушӣ ворид гарданду аз чунин ҳолатҳо оҷилан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сомонаи шаҳрдорӣ хабар диҳанд, то дар пойтахт фазои солими ахлоқӣ ва арзишҳои миллӣ ҳифз шаванд.
Аз сӯи дигар, Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, аз истифодаи маводи мадҳушкунанда, психотропӣ ва мухаддирот дар марказҳои дилхушӣ ва дискотекаҳои Душанбе нигаронӣ карда буд. Генерал Назаров, зимни нишасти матбуотияш дар Душанбе гуфт, сарусадоҳои зиёд дар мавриди итифодаи маводҳои психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ ҳақиқат доранд: “Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе дискоклубҳо ҳоло ҳам харидуфурӯш ва истифодаи маводи психотропӣ ҷой дорад."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |