Насиҳати президент ба прокурорҳои нави Хоруғу Рашту Хатлон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон прокурорҳои навтаъини як қатор навоҳии кишварро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот прокурорҳои навтаъини Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт ва прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ иштирок намуданд. Ба иттилои манбаъ дар суҳбати президент инчунин прокурори нақлиётии навтаъини вилояти Суғд, сардорони нави ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъинро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа даъват намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |