Ашрафғанӣ дар Тоҷикистон намояндаи расмии худро таъйин кард
Шокир Коргар намояндаи расмии Ашрафғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури Афғонистон дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ ба ин мақом бо дастури Ашрафғанӣ Аҳмад баргузида шудааст.
Ба иттилои расонаҳои афғонӣ, дар фармони раисҷумҳури Афғонистон омадааст, “Шокир Коргар дар ростои истеҳкоми равобит бо кишварҳои русзабон фаъолият карда, инчунин тамоми намояндагиҳои сиёсии Кобул дар ин кишварҳо барои додани гузориш аз фаъолияти худ ба ӯ муваззафанд.”
Шокир Коргар дар гузашта дар Вазорати тиҷорат, об ва барқи Афғонистон кор карда, замоне ба ҳайси сафири кишвараш дар Озорбойҷон низ фаъолият кардааст. Ӯ аз ин ба баъд, намояндаи расмии раисҷумҳури Афғонистон дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Украина, Беларус ва Русия ба шумор меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |