Вазорат аз тоҷикон хост, ба Яман нараванд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз сафар ба ҷумҳурии арабии Яман муваққатан худдорӣ кунанд.
Ин ниҳод далели муроҷиаташро афзоиши ҳолатҳои одамрабоӣ дар ин кишвари арабӣ унвон кардааст. Вазорати умури хориҷии кишвар аз шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Яман ҳам даъват кардааст, дар сурати печида шудани вазъ дар ин давлат, қаламрави онро тарк кунанд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, бояд бисёр эҳтиёткор бошанд, аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон ва ё гуруҳҳои алоҳида иҷтиноб варзанд ва дар сурати ташдиди вазъият дар Яман, ин кишваро тарк кунанд”.
Ин муроҷиатномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик дар шаҳри Маъриби Яман аз сӯи як гуруҳи мусаллаҳ рабуда шуд. Рофиеваи 36-сола, ки дар асоси қарордод бо ширкати “Здравэкспорт”- и Русия, дар яке аз беморхонаҳои низомии вилояти Маъриби Яман ба ҳайси ҳамшираи шафқат кор мекард, рӯзи 29 октябр аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда шудааст. Расонаҳои арабзабон аз қавли шоҳидон навишта буданд, ки Рабиеваро афроди мусаллаҳи савори мошини сурх аз кӯчаи марказии назди беморхонаи низомӣ дуздиданд. Дар пайи коршикании ҳамкорони Рофиева мақомоти Маъриб эълон намуданд, ки ҷои будубоши шаҳрванди Тоҷикистонро муайян намудаанд ва гуфтушунид барои раҳоии ӯ идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |