Туркманистон: Талаби 5000 доллар барои гирифтани манзил дар "минтақаи хуб”
Сокинони ноҳияи Гажаи шаҳри Ашқобод иттилоъ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб мешавад.
Торнамои “Хроника Туркманистана” менависад, ҷои манзили сокинон биноҳои нав бунёд хоҳад шуд ва мақомот гуфтаанд, онҳое, ки расман дар хонаҳояшон сабт шудаанд, манзили нав мегиранд: “Аммо, барои соҳиби хонаи нав шудан бояд 5 нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои худро омода кунанд”.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, 22 декабр охирин муҳлати омода кардани ҳуҷҷатҳо будааст. Қаблан, маъмурони комиссияи тақсими ин хонаҳо ҳушдор додаанд, ҳуҷҷатҳо бояд ба дасти ҳайати ин комиссия супорида шавад. Тибқи иттилои комиссия ҳолатҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки кормандони хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва пулис ҳуҷҷатҳои мардумро ба нафъи худ истифода кардаанд. Ба гуфтаи чанд сокини ноҳия барои гирифтани хона дар минтақаи дорои шароити хуб мансабдорон аз 1000 то 5000 доллар талаб мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |