Бахшҳо

Муҳаммадҷони Нурӣ: Ҳадафи “Давлати исломӣ” ноором кардани минтақа аст

Хабарҳои инфиҷорҳои пай дар пай ва куштор дар гӯшаву канори олам хатари терроризми байналмиллалиро боз ҳам ҷиддитар кардааст. Куштори бераҳмонаи беш аз сад донишомӯз дар Пешовари Покистон амали нангин ва дуру бегона аз ҳама гуна динҳои ҷаҳонӣ, ба хусус Исломи азиз мебошад. Амалҳое, ки бо ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ дар Ироқу Сурия зери парчаму шиорҳои исломӣ анҷом медиҳад, дур аз фармудаҳои Худову Расуланд. Мутаасифона, аз ин рафтори ноҷои чанд силоҳбадаст, ки марзу буме барои худ қоил нестанд ва аз қавму миллатҳои гуногун ҷамъ омадаанд, тангназарону тундагароҳои дунявӣ ба нафъи худ истифода намуда, мехоҳанд чеҳраи Исломи азиз ва ҳизбу ҳаракатҳои муътадили исломиро доғдор нишон бидиҳанд ва борони таҳқиру туҳмат ва носазоигӯиро болояшон бирезанд.

Онҳое, ки аз равандҳои муосири ҷаҳон огоҳӣ доранд ва ҳаводиси панҷ соли ахири Ироқу Сурияро ҳамаҷониба таҳлил кардаанд, ба хубӣ медонанд, ки идея ва ташкили бо ном “Давлатӣ исломӣ дар Ироқу Сурия” моли кадом кишварҳост. Имрӯз бо вуҷуди муборизаҳои дастаҷамъӣ алайҳи ин гуруҳ пешравиҳо назаррас нест. Ҳамарӯза дар мавриди куштору бераҳмиҳои “Давлати исломӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и гуногун хабарҳои зиёде нашр мегардад. Аз як тараф гӯиё бо паҳни чунин маълумотҳо мехоҳанд чеҳраи Исломро торик нишон диҳанд, аз тарафи дигар миёни ҷавонон ва табақаҳои гуногуни аҳолии кишварҳои мусалмонишин ҷонибдорон ва ҳаводорони ин гуруҳ рӯ ба афзоиш аст. Ҳамагуна муносибат дар ин замина аз ҷонибҳои гуногун муғризона ба назар мерасад. Имрӯз суҳбату андешаҳои бархе коршиносон низ пароканда ва берун аз таҳлилҳои амиқу ҷиддӣ аст. “Давлати исломӣ” алайҳи мусалмонҳо, ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва ҳатто руҳониёни саршинос чун дастак истифода мешавад ва бештари кишварҳо аз ин тариқ мехоҳанд ҳузури Исломро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии мардум камранг созанд ва ё комилан аз байн бубаранд, ки амали бисёр хавфнок аст. Онҳо бо ин амал метавонанд монанд бо гуруҳи “Давлати исломӣ”- ро дар дилхоҳ минтақа ба вуҷуд биёранд ва контроли онро аз даст бидиҳанд, ки дар натиҷа буҳронҳои гушношунид ба вуҷуд меояд.

Ончи ки имрӯз аз ҷониби чунин гуруҳҳо бисёр хатарнок аст, идеологияи онҳо мебошад. Хусусан, “Давлати исломӣ”, ки аз шаҳрвандони Чин сар карда то шаҳрвандони Амрикову Аврупо шомили он ҳастанд ва зери як парчам ва идеология меҷанганд. Аз ин маълум мешавад, идеологияи ин гуруҳ аллакай оҳанинтарин марзҳоро убур кардааст. Онҳое ки ҳазорҳо километр роҳро ба воситаҳои гуногун тай намуда, ба ин гуруҳ мепайванданд, мақсади истироҳату корро надоранд, балки дидаву дониста худро ба оғуши марг меандозанд. Аз ин маълум мешавад, идеология ва таблиғи онҳо дар сатҳи баланд аст. Дар баробари онҳо дигар идея ё идеология заиф ё шикаст хурдааст.

Андешаву таҳлилҳо дар Тоҷикистон аз замони пайдоиши ин гуруҳ ва ҳаводиси Ироқу Сурия гуногун аст. Тибқи омори расмӣ, ҳудуди сесад шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ширкат меварзад. Шояд ин рақам бештар ҳам бошад ва касе кафолат намедиҳад, ки дар оянда бештар намешавад. Вақте ба баҳсу мунозираҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ мекунед, маълум мегардад, ин гуруҳ тарафдорони худро дорад. Мутаасифона, баъзеҳо ҲНИТ ё руҳониёни маъруфи кишварро сабабгори ҷалби ҷавонон ба ин гуруҳҳо медонанд. Дар навбати худ, қисме мегӯянд, фақру бекорӣ ва заъфҳои ҳукумат ҷавононро барои рафтан ба ҷангҳо маҷбур мекунад. Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки камбудӣ ва гуноҳи худро болои дигарон бор кунем. Душмантарошиҳо, туҳмату таҳқиркарданҳо, ба ҳабс кашиданҳо роҳи ҷилавгирӣ аз гуруҳои ифротӣ нест. Баракс, ин ҳолатҳо вазъиятро буҳронитар мекунад.

Ба шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар роҳ надодани руҳониён, маҳдуд кардани фаъолияти донишмандоне, ки дар ҷомеа суханашон вазн дорад, вазъиятро буҳронитар мекунад. Ин ҳарфи нав нест, аммо бо таваҷҷуҳ ва вазъияти минтақа ва ҷаҳон бори дигар таъкиди ин нукта зарур аст. Ин мавзӯъҳо метавонад вазъиятро ба самти манфӣ тағйир диҳанд.

Ҳукумат бояд дари муколама ва гуфтугӯро боз кунад. Формат ва чаҳорчубаи ин муколама бояд муайян шавад. Дар якҷоягӣ роҳи ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада, хусусан пайвастшавӣ ва ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиро бояд муайяну мушаххас намуд. Шояд имрӯз вазъият ором менамояд, гӯиё чизе рух надодааст ё намедиҳад, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳодисаҳо хеле зуд ба амал меоянд. Мо дар кишваре зиндагӣ мекуненм, ки ҳамсояамон Афғонистон рӯбарӯи чолишҳои бузург қарор дорад. Таҳдиди Толибон торафт бештар мешвад ва дар сафи он шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳаст. Касе кафолат дода наметавонад, ки вазъияти дар Ироқу Сурия ба амаломада, фардо дар ин минтақа ба вуҷуд намеояд. Яке аз ҳадафҳои стратегии “Давлати исломӣ” Афғонистон ва ноором кардани минтақа аст. Аз ин хотир ҳамкории зичи ҳукумат бо ҲНИТ ва руҳониёну пешвоҳои шинохтаи кишвар бисёр зарур аст. Як давлат чӣ ки даҳо кишвар дар баробари чунин артиши басиҷшуда, назири “Давлати исломӣ” ё “Ал-Қоида”-ву Толибон душворӣ мекашанд.

Муҳаммадҷони НУРӢ
Мӯҳр
солхои 1992....... бархе аз нурихои шурида акл бо пайравонаш давлати исломи барпо кадани будан хуни но хак рехта ачоиб дар он аст соли 1997 бар ивази вазифаю курси исломихо хизматчии давлати демократи шудан

Додгар
rembo,
оё соли 1992 ҳавопаймоҳои ҷангии Узбакистонро Нурӣ даъват карда буд то ҳарҷо тоҷики асил аст қатли ом кунанд?! Оё Нурӣ 1,5 миллиард доллар мардуми шарифи Тоҷикистонро қарзидор кард?!
ТАЪРИХ ҲЕҶГОҲ ТАҲРИФ НАМЕШАВАД ҲАРЧАНД ТАЪРИХНАВИСҲОИ МУВАҚҚАТИ ШУМО ТАЛОШЕ МЕКУНАНД!
Устод Нурӣ бузург буд ва ҳаст ва хоҳад монд агар у намебуд ту ё фарзандои ту папа ва мама ё она отажоним гуфта гап мезаданд!!!!!!!!
аблаҳтарини инсонҳо касест ки рушаниро мебинад аммо аз руи ғараз ва таасубу лаҷоҷат мегуяд торикист!
Озодагони гироми ба руҳи падарону модаронатон қасаматон медиҳам чоп кунед

Гулгункафан
Ин суханхои "ширин" як маротиба аз номи шумоён садо дода буд ва то хануз дахшати он аз гушхо нарафтааст. Хари чи бодо бод, лекин бе хузури дубораи Шумо.

Мутаасифона, баъзеҳо ҲНИТ ё руҳониёни маъруфи кишварро сабабгори ҷалби ҷавонон ба ин гуруҳҳо медонанд- мегуяд ин чаноб. Наврас ё чавон кай медонад, ки дар Покистону Афгонистону Эрону дигар чойхо мадрасаи дини хаст, то он вакте, ки нахзатихо ё худ рухониён ба онхо маълумот надиханд. Имруз ХНИТ дида истодааст, ки чавонони ба хорича равон кардааш террорист шудаанд, бо хар хел роххо худро мусичаи бегунох нишон дода истодааст.

тоҷик
Ҳамин Нуриҳо буданд ки имрӯз шумо дар сулҳу оромиед вагарна ҳоло ҳолатон мисли сурияву ироқ буд....вале инхел ақидаҳои базе бо ном "Ватандустон " ки зиди Ислом ва мучалмонҳо ҳачтед боз ҷомеаро ба ҳамон самт мебаред...ингуна ҷавононро миллат дуст медорад ва мардум бо онҳост

мусалмон
Муҳаммадҷон сад фоиз гапи ҳақро гуфтааст ин такидашро ҷидди қабул кунед хеле огоҳ аст ин бародар

солхои 1990 козийот буд масчидхо месохтан мардум дар фазои озод намоз мехонд тенчи ороми буд боз мегум нурихои шурида акл бо пайу кадами касратшон точикистона ба хунрезию дахшат гирифтор карданд АЛЛОХ ХАК аст аз дилу нияти хама огох барои чи ба ХНИТ сазовор надонист ин миллату давлата барои он ки сазовор нестед

Ҷовид
Худованд Нуриро раҳмат кунад бо чунин фарзанди тарбия намудааш.Бадан гуфтаниям ки дар замонаш алайҳи Шераку Восеъ ва Муқанаву Темурмалик Шоҳтемуру Нусратулло ва дигар фарзандони бо нагу номуси тоҷик таън мезаданд ва дурушт мегуфтанд ба мисли Нури тоҷикони асилро сабаби ҷангу нооромиҳо медонистанд вале бо гузашти замон таърих исбот кард ки ҳамагуна иқдоми онҳо танҳо ба хотири ҳақ талоши буд. Як нафар бо номи Гулгулкафан навиштааст, ки ҳарчи бодо бод ин дафъа беҳузури шумо. Чи ҳарфи ғалат ва ғайри тоҷикона . Тоҷикони асил ба мисли Нуриҳо ҳамеша бо ин миллат ҳастанд ва ҳузурашонро ҳеҷ лакайю манғит камранг карда наметавонад. Бо этирофи худи Раҳмон Нури танҳо ба хотири сулҳу оромии ҳамилатонаш гузашт карда буд. Дар зимн:
Муддаи хост, ки канад решаи МО
Бехабар аз он аст, ки Худост дар андешаи МО!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)