“ИмрӯзNews” Тоҷикистонро аз таънаи худию бегонаҳо халос кард
Имрӯз, 23-юми декабри соли 2014 шумораи 1000-уми “ИмрӯзNews” нахустин рӯзномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯи чоп омад. “ИмрӯзNews”, ки нахустин шуморааш 30-юми августи соли 2010 ба чоп расида буд, ҳар ҳафта 5 бор-аз рӯзи душанбе то ҷумъа нашр шуда, масоили гуногун аз иқтисоду сиёсат то фарҳангу иҷтимоиётро фаро мегирад.
Ин рӯзнома, ки аз аввалин рӯзи фаъолияташ дар мавриди пойдорию мустақилии он шубҳаҳо буданд, соли панҷум аст, ки бо ҷасорат, касбият ва фаврият дар фазои иттилоотии кишвар мавқеи хосро касб карда, мухлисони зиёд пайдо намудааст.
Дар шумораи 1000-умини “ИмрӯзNews” коршиносон ва хонандагон ин нашрияро таърихӣ унвон карда мавҷудияту пойдории онро муҳим хонданд, зеро маҳз ин нашрия кишвари моро аз таънаи худию бегонагон, ки “Тоҷикистон рӯзнома надорад” халос кард.
Ҳайати “Озодагон” ҳамкоронро аз “ИмрӯзNews” ба муносибати пушти сар кардани пастию баландиҳо ва расидан ба шумораи 1000-умини рӯзнома табрик карда, таманнои онро дорад, ки ҳисоби шумораҳои “ИмрӯзNews” чун ҳисоби математикӣ беохир бошад.
Ин дар ҳолест, ки матбуоти муосири тоҷик рӯзи гузашта санаи дигар-8-солагии ҳафтаномаи “Фараж”-ро таҷлил кард, ки 22-юми декабри соли 2006 таъсис ёфта, феълан яке аз нашрияҳои серхонандатарини мустақили кишвар ба ҳисоб меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |