Бахшҳо

Ду моҳ ҳабси пешакии Бурҳон Абдуллоев, яке аз моликони бозори “Ином”

Бурҳон Абдуллоев, соҳибкори тоҷик, ки барои бозори “Ином”-и Шаҳритус бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент кашмакаши додгоҳӣ дорад, ба муҳлати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили хонаводагии Абдуллоев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, зерҳимояи ӯ бидуни асос бо қарори додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 22 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ба гуфтаи Ёров, додгоҳ далели ба ҳабси пешакӣ гирифтани Бурҳон Абдуллоевро эҳтимоли халал расонидан ба раванди тафтишот ва таъсир ба шоҳидии шоҳидон арзёбӣ кардааст. Аммо вакили хонаводагии Абдуллоевҳо ин ҳамаро беасос хонда мегӯяд, “дар ин қарор омадааст, Абдуллоев ҳангоми дар озодӣ буданаш ҳаракати халалдоркунанда дар пешбурди парванда мумкин расонад, аниқ намегӯянд, ки расонад, мегӯянд, мумкин, ҳоло он ки додгоҳ набояд дар қарораш аз калимаҳои шубҳаовар истифода кунад. Бояд аз калимаҳои қотеъ истифода шавад. Боз омадааст, ки шояд ин одам аз мақомот ва додгоҳ дар раванди тафтишоти пешакӣ барои он ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноии дараҷаи миёна боз шудааст, пинҳон шавад, боз гуфта шудааст, зерҳимояи мо ҳамчун директои генералӣ метавонад ба шоҳидии шоҳидон таъсир расонад, дар ҳоле ки инҷо ягон шоҳид нест ва танҳо афроди бо бензин боздоштшуда қарор доранд, шояд ин боздоштшудаҳо қасди дуздии бозор ва нест кардани нишонаҳои амалашонро доштанду акунун ки ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, нафари дигарро туҳмат доранд. Мо ҳоло далел овардем, ки аз моҳи апрел то 16 декабри соли равон забонхат дар бораи тарк накардани маҳали зист доштанд”.

Ҷаноби Ёров мегӯяд, онҳо аз ин қарори додгоҳи вилояти Хатлон ба Додгоҳи олӣ шикоят мебаранд. Вакили дифоъ дар шарҳи бедарак шудани зерҳимояи худ аз шаҳри Душанбе ва пайдо шуданаш дар Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон илова кард, Бурҳон Абдуллоев рӯзи 19 декабри соли равон аз сӯи Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва яке аз кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии ин минтақа боздошт ва ба шаҳри Қурғонтеппа интиқол дода шудааст. “Абдуллоев мегӯяд, ӯро Толиб Назаров ба дохили мошин даъват карда, баъди ворид шуданаш ба дохили мошин телефони ӯро аз дасташ гирифта, хомӯш кард ва бо худ ба Қӯрғонтеппа бурд. Ҳатто нагузоштаанд, ману завҷаашро, ки дар бинои додгоҳи иқтисодӣ будем, огоҳ кунад ё ҳатто калиди мошинро монад”,- афзуд Ёров.

Хонаводаи Абдуллоев яке аз саҳҳомони бозори “Ином” дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор мераванд, ки бо додарарӯси президенти кишвар - Муҳибулло Саъдуллоев сари тақсимоти ин бозор баҳси додгоҳӣ доранд. Моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, бозор байни тарафҳо 50 ба 50 тақсим карда шавад. Абдуллоевҳо аз ин қарор ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурда, ахиран эълон карданд, дар сурати расидагӣ нашудан ба шикояти онҳо ба барномаи телевизиони "Пуст говорят"-и шабакаи аввали телевизиони Русия муроҷиат хоҳанд кард.
Мӯҳр
Дарвеш
Аку и бозора мегран тамом

Озодагон чиба яктарафа менависи ин бурхон истифода кардагияй вай мухибулора имруз бо даъвогар шидай сарто пош гунохай наход дар хамун шахритуз ягон точик набуд бозора кушоя бечоро точико аз дасти хами хели бурхонора чизои худшона аз даст додан боз мухиба истифода карда сохиби бозор шудан кани як бозори дигар кушоя яктарафа нанавис ай морам чоп бикун

shumo tojiko ba sababi hamin millatparastiyaton hama vaqt dar zeri zulm qaror dored.

Мухибулло Саьдуллоев хусур бачаи призидент дар тафтишоти пешакиву шохидон таьсиру залал намерасондаасту , ин бечораи мискин ки аз дасташ чизе намеояд мерасондааст ??
Шумо мардумро содаву беакл гумон кардаед ??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)